734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню

Молодежь


Ғолибияти Шаҳриёр Ҳабибов дар озмуни байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Аз 23 то 27 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Қазоқистон озмуни байналмилалии мусиқинавозон аз рӯи наминатсияҳои гуногун бо иштироки 9 давлати дунё таҳти унвони “Шоҳроҳи Абрешим” баргузор гардид. Дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистонро Шаҳриёр Ҳабибов хонандаи синфи 11-и Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев намояндагӣ намуд. Шаҳриёр Ҳабибов  бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ аз рӯи наминатсияи асбобҳои торӣ – камонӣ  дар ин озмуни байналмилалӣ мақоми дуюмро касб намуданд. Мақоми аввалро дар ин озмуни намояндаи  Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мақоми сеюмро намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон касб намуданд. Шаҳриёр Ҳабибов гирандаи стипендия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2018 – 2019 буда, аз соли 2017 инҷониб волонтёри Кумитаи […]

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат

Дирӯз тибқи барномаи Маҳфили омӯзишии «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо иштироки Исмоилзода Содиқ Шодиён корманди Вазорати саноат ва технологияҳои инноватсионӣ дар мавзӯи «Саноатикунонии миллӣ — ҳадафи чоруми стратегӣ» ва намояндагони Агентии нашъамандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нигаҳдошти генофонди миллат- роҳу усулҳои муосири муқовимат ба омилҳои нашъамандӣ ванашъаҷаллобӣ дар байни ҷавонон» доир гардид. Курси омӯзишии “Ҷавонон Пайрави Пешвои миллат” аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи малағгузории грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ роҳандозӣ карда мешавад.  Иқдоми мазкур муддати се сол аст, ки аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар дарсҳои лексионӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва […]

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

«Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019–2022» ба тасвиб расид.

   Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам  Рустами Эмомалӣ «Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019–2022» ба тасвиб расид, ки қарори мазкур бо мақсади фароҳам овардани имконоти муассир ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, фарҳангсолорӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ пешбинӣ гардидааст. Тибқи қарори мазкур, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи барномаи мазкур муайян карда шудааст. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар доираи барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон барои солҳои 2019 – 2022-ро таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида маблағгузории онро таъмин менамоянд.

26.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Имрӯз конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ — назарявӣ баргузор гардид

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 феврали соли 2019, соати 10:00 дар Кохи Афсарон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назарявӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва нигоҳдошти амну суботи ҷомеа” баргузор гардид.Дар кори конфронс раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам иштирок ва суханронӣ намуданд. Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардида, дар он роҳбарияти Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои […]

22.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

“ТАРОНАИ САРБОЗ” ТАРҒИБГАРИ СУРУДҲОИ ВАТАНДӯСТОНА

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҷлили 26 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 феврали соли 2019, №75 тасдиқ гардидааст, бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов» чорабинии тантанавӣ ва даври шаҳрии Фестивали сурудҳои ватандӯстонаи “Таронаи сарбоз” доир гардид. Дар оғози чорабинӣ суруди миллии Тоҷикистон садо дода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ афсарону сарюозонро аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд. Таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар доираи дастгириҳои Сарфармондеҳи олии […]

22.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 5 6 7 8 9 11