734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню

Молодежь


Корнамоиҳои беҳамтои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Корнамоиҳои беҳамтои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами ҷавонпарвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо ҷавонон ва мардуми шарафманди Мастчоҳ ҳамчун нерӯи созанда, инкишофдиҳандаи мероси бузурги ниёгон, бунёдгузори мактаби сиёсии муосир, муаррифгари миллат дар арсаи ҷаҳон, пуштибони беназири насли ояндасоз сабақи ибрат барои мо ҷавонон мебошад.Дар ноҳия корҳои ободони дар тамоми соҳаҳо ба истиқболи ҷашни Ваҳдат миллӣ бо маром идома дорад. Ин нишонаи эҳтирому эътиқоди мардуми ноҳия ба Пешвои миллат ва аз дигар тараф таваҷҷӯҳи Пешвои миллат ба ободии ноҳияву мардуми он мебошад. Зиҳи Пешвои одилу муаззами ҷавонпарвари миллати тоҷик!

09.06.2020 Нет комментариев Читать далее>

Дар хона бимон, худ ва наздиконатонро ҳимоя намо!!!

Дар доираи нақшачорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исфара бо мақсади пурзур намудани корҳо фаҳмондадиҳӣ дар кӯчаю бозорҳо ва ҷойҳои серодам бо ҷалби ҷавонони фаъол ва гуруҳи волонтёрони ёрирасони назди Бахш корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботиро миёни истиқоматкунандагони Ҷамоати шаҳраки ноҳия оид ба  пешгирии мубориза бо пандемияи коронавирус (COVID-19) гузаронида шуд. Ҳамватанони азиз, дӯстони ҷавони ман, барои пешгирии бемории коронавирус, ҳимояи худ ва наздикон, мубориза бар зидди бемории (COVID-19) мову шуморо зарур аст, ки дар хона бимонем ва худ наздиконамонро аз хатар дар эмин нигоҳ дорем! Мо барои Шумо тавсия медиҳем, ки дастонантонро тез – тез ба собун бишуед, ҳолатҳои гигениро риоя намоед ва дар хона бошед. Мову Шумо танҳо бо […]

09.06.2020 Нет комментариев Читать далее>

Корҳои фаҳмондадиҳи дар байни аҳолӣ вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19)

Дар асоси нақша чорабиниҳои муштарак аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бустон дар маҳаллаҳои шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба тарғиби риояи қоидаҳои гигиени ва тавсияи табибон дар самти пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус “COVID-19, риояи масофа дар ҳолати суҳбат миёни ҳамдигар ва безарурият набаромадан ба ҷойҳои серодам миёни сокинон гузаронида шуд. Бояд зикр намуд, ки  чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ҳамарӯза гузаронида мешавад.  

09.06.2020 Нет комментариев Читать далее>

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии таъсири пайомадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида: — барои бо варақаҳои корношоямӣ таъмин намудан ва пардохти ҷубронпулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба бемории сироятии СOVID-19 таҳти муоинаи тиббӣ қарор дода мешаванд, чораҷӯӣ намояд; — нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандонеро, ки ба бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом диҳад; — аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ […]

06.06.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 11