734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню

Спорт


Ҷои панҷуми Сомон дар “Düsseldorf Grand Slam 2019”

Паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо – “Düsseldorf Grand Slam 2019” дар вазни -73кг ҷои панҷумро ишғол кард. Мусобиқа 22-24 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон доир гашт. Дар он 603 варзишгар (361 мард, 242 зан) аз 93 давлати дунё иштирок карданд.  Дар ин мусобиқаи бонуфуз аз кишвари мо 5 нафар — Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳар ду дар вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Саидҷалол Саидов (-100кг) қувваозмоӣ намуданд. Миёни онҳо натиҷаи беҳтаринро Сомон Маҳмадбеков нишон дод. Ӯ дар қувваомоии вазни -73кг дар даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Олмон (Игор Вандтке), Муғулистон (Тсогбаатар Тсенд-Очир), Швейтсария (Нилс Стамп), Лаҳистон (Виктор Мровзински) ғалаба карда, дар нимфинал аз варзишгари […]

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ҷоми ФФТ: даври аввали бозиҳои ниҳоӣ хотима ёфт

Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор даври аввали бозиҳои финалии Ҷоми ФФТ хотима ёфт. Мусобиқа дар ду гурӯҳ бо ширкати беҳтарин дастаҳои ҷумҳурӣ то 5 март идома меёбад.Дар бозии нахустини даври аввали гурӯҳи «А» дастаи «Регар-ТадАЗ» дар баробари дастаи «Душанбе -83» ба майдон омада, натиҷаи мусовии 2:2 ба даст овард. Шогирдони Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, ки зимни вохӯрӣ бо ҳисоби 2:0 дар сафи пеш буданд, ғолибиятро аз даст доданд. Дар бозии дуюми ин гурӯҳ дастаи нави Лигаи олӣ- «Истаравшан» бар «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҳисоби 8:0 зафар ёфт.Дар гурӯҳи «Б» чемпиони Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми ФФТ дар соли гузашта-дастаи «Истиқлол»-и Душанбе «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъро бо нишондоди 5:3 шикаст дод. Дар ин баробар […]

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

ФУТБОЛ: қуръакашии мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28 феврал гузаронида мешавад

Қуръакашии мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 28 феврал гузаронида мешавад.  Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, он дар толори меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси Душанбе», соати 13:30 баргузор мегардад. Дар мавсими 28-уми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ мисли соли гузашта 8 даста иштирок мекунанд. Инҳо  «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), КМВА «Помир» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Истаравшан» (Истаравшан)-ғолиби соли гузаштаи Лигаи якум мебошанд. Имсол ҳам Чемпионат дар се марҳила гузаронида мешавад ва дастаҳо 21 вохӯрӣ анҷом медиҳанд. Тиқи низомнома, дастаи зинаи охири мусобиқа Лигаи олиро тарк мекунад. Дастаи соҳиби ҷои ҳафтум бо дастаи зинаи дуюми Лигаи якум барои дар Лигаи […]

26.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Футбол ва Ҷаҳоннамо мусовӣ натиҷаи бозии имрӯза

Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии омодагии олимпии дастаҳои мунтахаб» бозиҳо барои дарёфти Ҷоми «Журналистони ҷавон -2019 дар гуруҳи «С» ва «Д» идома ёфтанд. Дастаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» бо дастаи телевизиони «Футбол» соати 10:00 вориди рақобат гардида, бозии хубу диданиро нишон доданд. Бозии мазкур мусовӣ бар ҳисоби 4:4 ба анҷом расид. Дар гуруҳи «Д» бошад дастаи АМИТ «Ховар» бо дастаи рӯзномаи «Омӯзгори ҷавон» вориди рақобат гардида, дар ин бози бо ҳисоби 5:6 дастаи АМИТ «Ховар» бозиро бохтанд.

26.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Телевизиони «Тоҷикистон» бо телевизиони «Сафина» мусовӣ

Дирӯз дар гуруҳи «А» ва «В» бозиҳо барои дарёфти Ҷоми «Журналистони ҷавон — 2019», ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик роҳандозӣ карда мешавад, баргузор гардиданд. Дирӯз дастаҳои телевизиони «Тоҷикистон» ва телевизиони «Сафина» миёни ҳам рақобат намуда, бозӣ бо ҳисоби 1:1 мусовӣ ба анҷом расид. Дастаи телевизиони «Синамо» тибқи тақвим бояд бо дастаи радиои «Ватан» вориди рақобат мегардиданд, вале бинобар сабаи иштирок накардани дастаи радиои «Ватан» бозӣ ба фоидаи телевизиони «Синамо» ба анҷом расид. Ёдовар бояд шуд, ки мусобиқаи мазкур то санаи 11 марти соли 2019 идома ёфта, ғолибон бо Ҷом, дирлом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.

26.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 6 10