734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню

Спорт


Фасли баҳор бо бозиҳои Наврӯзӣ шуруъ мегардад

Дар моҳи марти соли 2019 дар қаламрави кишвар як қатор мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию солмгардонӣ ва омодагии варзишгарон ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар назар дошта шудааст. Аз санаи 2 то 3 марти соли 2019 мусобиқаи интихобии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба намудҳои варзиши дастхобонӣ дар ноҳияи Шаҳринав, гӯштини тарзи озод дар шаҳри Ҳисор, гӯштини миллӣ дар шаҳри Турсунзода, таеквадо ВТФ дар шаҳри Ҳисор, гӯштини самбо байни наврасони солҳои таваллудашон 200- 2005 дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт доир мегардад. Дар ҳамин рӯз дар шаҳри Душанбе чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таевкандо байни калонсолон ва ҷавонон (мардон ва бонувон) дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ […]

28.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ҷамъбасти мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол байни бонувон — ҷавондухтарон бахшида ба таҷлили ҷашни «Рӯзи Модар»

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, аз 20 то 27 феврали соли ҷорӣ мусобиқаи футбол байни бонувон — ҷавондухтарони аз 16 сола боло бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи модар дар варзишгоҳи МД Мактаби варзишии №1, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор карда шуд. Дар мусобиқа ба гирифтани ҷои 1-ум дастаи ноҳияи Мастчоҳ сазовор гардида, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи ҷумҳуривӣ роҳхат ба даст овард.Ҳамчунин, бо гирифтани ҷои 2-юм дастаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҷои 3-юм дастаи шаҳри Конибодом сазовор гардида, ғолибон ва бозингарони беҳтарини мусобиқа бо медал, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Раёсат сарфароз гардонида шуданд.

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ғалабаи Тоҷикистон, муборак бошад!

Имрӯз дар гуруҳи “А”  рақобатҳо миёни дастаҳои телевизиони “Тоҷикистон” ва рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”  баргузор гардид. Бозии ҷолибро дастаҳо нишон дода, дастаи телевизиони “Тоҷикистон” бо задани ду гол ба дарвозаи ҳарифи хеш ғолибият ба даст овардааст. Дар гурӯҳи “А” дастаи телевизиони “Тоҷикистон” бо як пирӯзӣ ва як бозии  мусовӣ сарднишин гурӯҳ мебошад.  Дастаи  рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар бозии аввали худ ба дарвозаи ҳариф як гол зада, як  бозии дигар ӯро интизор аст. Дар гуруҳи “В” бозиҳо миёни дастаҳои радиои “Ватан” ва радиои “Имрӯз” бояд сурат мегирифт, вале бинобар сабаби иштирок накардани дастаи радиои “Ватан” натиҷа бо гирифтани 0:5 хол ба нафъи радиои “Имрӯз” ҷамъбаст гардид. Рақобатҳо барои дарёфти Ҷоми “Журналистони ҷавон […]

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Перу аз ҳаққи мизбонии ЧҶ-2019 миёни ҷавонон (U-17) маҳрум шуд

Комиссияи Ассостсиатсияи байналмилалии федератсияҳои футбол (FIFA) қарор қабул кард, ки мизбони чемпионати ҷаҳон оид ба футбол миёни ҷавонони то 17-соларо иваз менамояд. Чемпионат соли 2019 бояд дар Перу баргузор мешуд. Вале ҳангоми боздид аз макони баргузории мусобиқот ва вохурӣ бо Федератсияи футболи ин кишвар намояндагони FIFA камбудиҳои зиёдеро дар омодагии иншоот ва масъалаҳои ташкилӣ ошкор карданд. “FIFA қарор қабул кард, ки макони баргузории чемпионати ҷаҳонро иваз намояд, он дар Перу намегузарад. Ташкилоти ҷаҳонии футбол ба Федератсияи футболи Перу ва ҳукумати ин кишвар барои пешниҳоди омодагӣ дар мусобиқаҳои оянда изҳори сипос менамояд. FIFA дар наздиктарин фурсат алтернативаи мизбони чемпионати ҷаҳонро баррасӣ мекунад”, — омадааст дар гузориши FIFA.Қарор оид ба баргузории чемпионати […]

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ҷои панҷуми Сомон дар “Düsseldorf Grand Slam 2019”

Паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо – “Düsseldorf Grand Slam 2019” дар вазни -73кг ҷои панҷумро ишғол кард. Мусобиқа 22-24 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон доир гашт. Дар он 603 варзишгар (361 мард, 242 зан) аз 93 давлати дунё иштирок карданд.  Дар ин мусобиқаи бонуфуз аз кишвари мо 5 нафар — Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳар ду дар вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Саидҷалол Саидов (-100кг) қувваозмоӣ намуданд. Миёни онҳо натиҷаи беҳтаринро Сомон Маҳмадбеков нишон дод. Ӯ дар қувваомоии вазни -73кг дар даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Олмон (Игор Вандтке), Муғулистон (Тсогбаатар Тсенд-Очир), Швейтсария (Нилс Стамп), Лаҳистон (Виктор Мровзински) ғалаба карда, дар нимфинал аз варзишгари […]

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 10