734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню

Президент


Барафрохтани Парчами давлатӣ дар шаҳри Левакант

Барафрохтани Парчами давлатӣ дар шаҳри Левакант Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Левакант Парчами давлатиро барафрохтанд. Парчами давлатии Тоҷикистон аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ буда, дар маркази шаҳри Левакант парафшон карда шуд, ки баландии сутунпояи он 41 метрро ташкил медиҳад. Паҳноии матои Парчам 6 метр ва дарозии он 12 метр буда, дар ободонии атрофи иншоот кормандони зерсохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллии шаҳри Левакант саҳми муносиб гузоштанд. Шинонидани зиёда аз 18 ҳазор дона гулҳои ороишӣ, қариб 270 бех ниҳолҳои сояафкан ва васлу насби воситаҳои дигари ороишӣ, аз ҷумла ба таври […]

22.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

Паёми видеоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид

ДУШАНБЕ, 21.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи видеоконференсия дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуданд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар тӯли ин солҳо Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун сохтори бонуфуз ва беназири байналмилалӣ ташаккул ефта, тавонист ба як платформаи муҳимму фарогири ҳалли мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ табдил ёбад. Фаъолияти он вобаста ба тағйирёбии босуръати вазъ дар арсаи байналмилалӣ ва вусъат пайдо кардани чунин таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва бемории сироятии коронавирус бори дигар аз он шаҳодат дод, ки […]

22.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ

Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустии кишвар! Ҳозирини гиромӣ! Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Хукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид. Мо дар ин муддат дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо кормандони соҳаи тиб 33 мулоқоту вохӯрӣ доир намуда, масъалаву мушкилоти ин соҳаро баррасӣ кардем ва доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба солимии ҷомеа, тандурустии модару кӯдак, ҳуқуқи иҷтимоии шаҳрвандон ва дигар мушкилоти ҷойдошта дастуру […]

18.08.2020 Нет комментариев Читать далее>

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии таъсири пайомадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида: — барои бо варақаҳои корношоямӣ таъмин намудан ва пардохти ҷубронпулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба бемории сироятии СOVID-19 таҳти муоинаи тиббӣ қарор дода мешаванд, чораҷӯӣ намояд; — нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандонеро, ки ба бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом диҳад; — аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ […]

06.06.2020 Нет комментариев Читать далее>

Боздид аз Кооперативи истеҳсолии «Муҳсинҷон»-и ноҳияи Данғара

30-юми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз нашъу намои замини гандуми Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» боздид ба амал оварданд. Самти асосии Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» ба парвариши тухмии навъҳои маҳаллии ҳосилдеҳи гандум нигаронида шуда, хоҷагидорон дар ин самт таҷрибаи бой доранд. Ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» қариб 230 гектарро ташкил дода, хоҷагидорон дар замин асосан ғалла кишт мекунанд. Тибқи нақша соли ҷорӣ деҳқонон дар майдони зиёда аз 100 гектар гандум кишт кардаанд, ки ҳоло нашъу намои он […]

02.06.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 22