734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню


БЕХТАРИН ФАРД- ВАТАНДУСТ АСТ. БЕХТАРИН КОР- ВАТАНСОЗӢ!

ФАРХОР. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва вазиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани хонишҳои сиёсӣ миёни ҷавонону наврасон имрӯз аз ҷониби кормандони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фархор дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷамоати шаҳраки Фархор бо ҷавонони синну соли 14 -16 ва 17-18 ва волидайни онҳо гузаронида шуд. Масъулини бахши кор бо ҷавонони ноҳия бо ҷавонон ва волидайни онҳо атрофи «Нақши Пешвои миллат дар самти таҳсилоти муносиб барои ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҷалби ҷавонони ватандӯст ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии ҷавонон аз бемориҳои сироятии ВНМО ва БПНМО, риояи тарзи ҳаёти солим ва пешгири аз авҷи дуюми вабои аср яъне бемории сироятии коронавирус (COVID-19) суҳбат намуданд.
Дар ҳамин замина аз ҷавонону волидайн даъват ба амал оварда шуд, ки имрӯз чун аз харвақта дида барои расидан ба чор хадафи стратегии кишвар моро лозим аст,  баҳри ояндаи дурахшони насли имрӯзу ояндаамон атрофии сиёсати бунёдкоронаву созандаи Пешвои муаззами миллат боз ҳам муттаҳид гардем ва рисолати худро дар назди наслҳои имрӯза ва оянда бо меҳнату заҳмат гузорем.

 


08.09.2020 Нет комментариев