734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню


«ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН»

ҶАЙҲУН.   Имрӯз ҷаласаи навбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Кумитаи идораи замин ва идораи бақайдгирии молу мулки ғайри манқули ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки кормандон баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки ҳадафи  асосии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, пуштибонӣ ва ҳимояи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат дар эъмори ҷомеъаи демократӣ, иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ, эҳёи арзишҳои суннатии миллӣ ва пуштибонӣ аз арзишҳои волои умумибашарӣ, бедор намудани ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва номуси ватандории ҷавонон, тақвият бахшидани шуурнокии насли наврас дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи ифтихори миллӣ, донишу малака ва ахлоқу фарҳанги насли наврас буда, барои иштироки фаъоли онҳо дар идоракунии давлат ва ҷомеа мусоидат мекунад.

Ҳамчунин зимни ҷаласа бо розигии аъзоён роҳбари Иттифоқи ҷавонон дар ташкилотҳои дар боло зикршуда интихоб гардид.

 

 


21.08.2020 Нет комментариев