734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню


МАҲФИЛИ «АДИБОНИ ҶАВОНИ НАВҚАЛАМУ ЭҶОДКОР» ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

МАҲФИЛИ «АДИБОНИ ҶАВОНИ НАВҚАЛАМУ ЭҶОДКОР» ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН
18.08.2020
Имрӯз, бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и шаҳри Истаравшан дар боғҳои фароғати шаҳр маҳфили «Адибони ҷавони навқаламу эҷодкор» ташкил карда шуд.
Маҳфилро аъзои фаъоли ташкилоти ҷамъиятии маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и шаҳри Истаравшан Қурбонов Ғаниҷон ҳусни оғоз бахшида, баъдан иштирокчиён дар навбати худ аз ашъори адибони тоҷик, шеъру хикояҳо нақл карданд.
Дар маҳфил ҷавонон хело фаъолона ширкат варзида, аз осори Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Пӯлод Толис, Абдумалик Баҳорӣ, Гулчеҳра Сулаймонӣ ва дигар адибони форсу тоҷик, ҳикояву шеърҳо хонда, мутолиаи китоб намуданд.
Оре, дониш чароғи акл, қуввати дил, дороиву сарват ва чавшани бузургест, ки касро аз хама гуна ранчу азоб кулфату дард ва афсурдагиву эхтиёч дур месозад. Дониш барои инсон мояи манбаи фазлу камол буда, инсонро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душворихо ру ба ру намешавад, зеро дониши бузургаш уро бо рохи росту самарабахш рахнамун месозад. Тавассути аклу заковати бузургу хиради ба рохи дониш ба дастовардааш метавонад сохибкору сохибмаьлумот ва сохибиззат бигардад.
Дар ҷамъбасти маҳфил аз ҷониби аъзоёнӣ ташкилоти ҷамъиятии маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и шаҳри Истаравшан Гадоев Манучеҳр, Суванова Садаф, Шукронаи Шарафҷон, Бурҳонов Диловар пешниҳод карда шуд, ки боз чунин чорабиниҳо дар маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»-и шаҳр оиди омӯхтани ашъори адибони тоҷик, хондани китоб ва қироати шеър ҷавононро бисёр ҷалб намоем.


19.08.2020 Нет комментариев