734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню


Видеоконференсия “Нақши ҷавонон дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай”

Санаи 12 августи соли ҷорӣ дар доираи Нақша чорабиниҳои Созмони Ҳамкории Шанхай бо мақсади татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон дар доираи созмон ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар минтақа ва ҷаҳон бахшида ба таљлили “Рӯзи байналмилалии ҷавонон” видеоконференсия дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай” ва баргузор гардид.

Дар кори видеоконфронс Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Владимир Норов иштирок намуда, густариши татбиқи амалишавии сиёсати ҷавононро дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай муҳим арзёбӣ намуда, вобаста ба ваъзияти кунунии ҷаҳони муосир, мураккаб гардидани вазъи геопалитикии минтақа ва ҷаҳон ва раванди амалишавии чорабиниҳои муштараки давлатҳои аъзои СҲШ- ро баҳои баланд дод.

Дар видеокоронронси мазкур ҳайатҳои миллии Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар видеоконфронси мазкур муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода намояндагӣ намуда, вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ташаббусу иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон ва амалишавии муносибатҳои дуҷониба, бисёрҷониба ва ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар минтақа ва ҷаҳон ибрози назар намуданд.

Зикр гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, иқдому ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ва марвиди амал қарор дода мешаванд. Ҳамзамон, масъалаи дастгирии ҷавонон дар раванди пандемия ва муборизаи ҷавонони Тоҷикистонро вобаста ба пешгирии бемории коронавирус зикр намуда, талошҳои насли ҷавони кишвар аз ҷониби иштирокчиён дар самти мубориза бар зиди бемории коронавирус баҳои баланд гирифтанд

Дар охири кори видеоконфронс музокирот вобаста ба рушди ҳамкориҳои минбаъда дар самти амалишавиии сиёсати ҷавонон дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таклиф гардид, ки дар самти татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон чорабиниҳои муштарак доир карда шавад.


13.08.2020 Нет комментариев