734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню


МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ЭҲТИМОЛИЯТИ ПАҲНШАВИИ МАВҶИ ДУВВУМИ «COVID-19»

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ЭҲТИМОЛИЯТИ ПАҲНШАВИИ МАВҶИ ДУВВУМИ «COVID-19»

Дар шаҳри Истаравшан корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ баҳри эмин нигоҳ доштани аҳолии шаҳр аз эҳтимоли сироятёбӣ ва паҳншавии мавҷи дуюми (COVID – 19) идома дорад. Бояд зикр намуд, ки бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар назди Бахш аз ҳисоби кормандони Бахши кор бо ҷавонон, аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” бо мақсади мубориза бар зидди паҳншавии бемории сироятии коронавирус гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамарӯза корҳои ташвиқотиву тарғиботиро миёни сокинон ба роҳ монда истодаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Фаъолияти гурӯҳи корӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва тақвияти корҳои таблиғотӣ ҷиҳатӣ пешгирии бемории сироятии коронавирус дар шаҳри Истаравшан идома ёфта дар р баробари ин тақсимоти ниқобҳои муҳофизатии тиббиро ройгон ба роҳ мондаанд.

Инчунин ҳамарӯза миёни сокинон таъкид мешавад, ки вобаста ба тарғиби риояи қоидаҳои гигиенӣ ва тавсияи табибон дар самти пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус, риояи масофа дар ҳолати суҳбат миёни ҳамдигар ва безарурият набаромадан ба ҷойҳои серодам миёни сокинон гузаронида мешавад.


04.08.2020 Нет комментариев