Рӯзҳои офтобию боронӣ, ҳангоми гармову сармо, хулоса дар ҳама гуна вазъи ҳаво метавон шубҳа накард, ки марди ланг аз ин ҷо гузар хоҳад кард. Бо сабади бофтаи ба китфаш овезон ва асои дағар-буғури балутӣ дар даст. Даруни сабад тухми гиёҳи салиба ва гоҳо, ҳангоми мавсим каме занбурӯғ ҳам, ки бо коғазпора печондаю махсус мехобид, дида мешуд.

Чеҳраи бардаму шамолхӯрда бо манаҳи чоркунҷа, ки риши ғафси сиёҳтоби каме сафешуда онро пӯшондааст, чоки ожангҳо буридаанд. Аксаран чеҳрааш ғамгин менамуд, зеро пойи ланг доимо азияташ медод. Дар натиҷаи ҳодисаи нохуш по маслуқ гашта, ба андозаи беш аз панҷ сантиметр кӯтоҳ шуд. Танҳо ба он қодир буд, ки соҳибашро аз бебақоии тамоми мавҷудоти зинда хотиррасон созад.

Афту андомаш чандон бад набуд, ҳарчанд олуфтанамо набошад ҳам. Зеро палтои куҳнаи кабуд, шим, камзӯлча ва кулоҳ аз бисёр пӯшидан дар ҳар гуна обу ҳаво, ба назар хеле рангпаридаю фарсуда менамуд. То дами ҳодисаи нохуш рух додан ӯ моҳигир буд. Барои сайди моҳӣ ба баҳр мебаромад. Акнун дар кӯча доимо як ҷо, дар маҳалли Бейсуотерс, аз соати даҳи рӯз то ҳафти шом истода, баҳри зистан саъй дошт. Ва ҳар нафар, ки мехост паррандаи хонагии хешро эрка созад, назди сабадаш истода, бо як пенни тухми гиёҳи сабиларо мехарид.

Аксаран, тавре худаш иброз медошт, лозим меомад хеле ҷон коҳонад, то ин молро дарёбад. Ӯ соати панҷи саҳар аз ҷогаҳ хестаю бо нахустин трамвай Лондонро тарк намуда, ба мамнуъгоҳҳо, маконе, ки аз пушти саъваҳои пурхӯри хонагӣ ризқу рӯзӣ ёфтан мумкин буд, худро мерасонд. Ин ҷо ӯ хам шуда, бо азобе пойи лангашро кашолакунон (на ҳама вақт обу ҳаво мавзеъро барояш хушк нигоҳ медошт), буттаҳои сабзгуни сабила, дорои гулҳои зардтобро бомашаққат тагурӯ мекард. Тавре худи ӯ баён дошт, “дар ин гиёҳҳо нишонаи ҳаёт нест, сардӣ онҳоро нобуд сохтааст!” Чизе, ки тақдир насибаш мегардонд, ҷамъ меовард. Тариқи трамвай ба шаҳр баргашта, аз пайи иҷрои вазифаи хеш, яъне фурӯш мегардид.

Гоҳо, ҳангоме корҳо чандон барор надошт, манзил бо фарорасии торикиҳо бармегашт. Ӯро дар кӯча соати нуҳ, ҳатто даҳи шаб дидан мумкин буд, ки хешро кашолакунон қадам мезад. Дар чунин рӯзҳо чашмони кабуди хокистарияш ифодакуниеро аз даст надода буд, ки гӯё ба дуриҳо, аз миёни тумани баҳр дида дӯхтааст. Ва он ҷо қаъри ботинаш аксандозӣ дошт, ки чун паррандаи хастаҳол, бо болҳои бурида нишаста ва пайваста саъйи парвоз намудан дошт.

Дар асл бе сухан низ ҳамааш аён буд: сол аз сол бо азобе рӯз гузаронда, нисбати пешаи худ ҳеҷ беҳбудие ҳис намекард. Ба ҳар ҳол, нисбати савдои гулҳо ин беҳтар, ки даромад аз ин ҳам кам буд. Билохира, ӯ ба такудавҳои паррандаи хастаҳол дар вуҷуди хеш одат кард. Ва агар мабодо бархостаю ба парвоз дарояд ҳам, аз афташ он парранда барояш норасо буд.

“Рӯзгори сангин!” – гоҳо изҳор мекард ӯ, ҳангоме ҳосили сабила хеле кам ёфт шуда, харидорон боз ҳам камтар буданд. Намӣ бошад, ба пойи маъюбаш бештар асар дошт. Ин ҳолат гӯё худ ба худ дарк ёфта, мояи шикояти ӯ мегардид. Вай омода буд, баҳри нобарории хеш бо ҳосили сабила, харидорон ва пойи дардмандаш назди нафароне, ки каме ӯро мефаҳмиданд, бигиряд. Чун одат ӯ истода ё нишаста, ба ҳаёти дар атроф пурталотум назора дошт. Мисли рӯзҳои пешин ба амвоҷе, ки ба заврақи дар лангар истодааш бармехӯрд, дида меафканд. Нигоҳи тирагаштаи чашмони кабуди тезбинаш таҳаммули аҷиберо ифода дошт; гӯиё ҳамеша қарори беандешаи одии одамиро эълон мекард: “То даме аз по наафтам, истодагарӣ хоҳам кард.”

Гуфтан душвор буд, ки дар кӯча истода, аз чи хусус меандешид. Шояд аз рӯзҳои пешини дар пастоби Гудвин гаштугузор намудааш ё аз саракҳои зарди сабила, ки ба таври дилхоҳ майли кушодан надоштанд ё аз пойи дардмандаш, аз сагоне, ки сабадашро бӯ кашидаю бо танаффур рӯ метофтанд. Аз хусуси ҳамсар, ки рагкашӣ азияташ медод. Аз шӯрмоҳии ба чой пешниҳодшаванда, аз қарздории манзили иҷора ё аз хусуси сабилаи камхаридор ва боз дар бораи пойи дардмандаш меандешид.

Ҳеҷ кас аз ҳаракат боз намеистод, то ба ӯ нигоҳ афканад. Ғайр аз заноне, ки барои паррандачаҳои нимҷони хеш бо як пенни сабила мехариданд. Агар бонуе ба ӯ дида медӯхт, пас дар рӯ ба рӯ танҳо марди ришсиёҳи дар чеҳрааш чинҳои изи чуқур гузошта ва лангро медид. Аксар вақт ӯ сабилаи пастсифатро пешниҳод мекард, ки бонувон майли ба саъваҳои хеш додани онро надоштанд. Аз ин хусус ба ӯ ҳарф мезаданд ва илова мекарданд, ки ҳоло ҳаво басо сард аст. Аз ин хусус нисбати онҳо ӯ беҳтар медонист ва дарҳол посух медод: “Бале, хонум, шумо бовар намекунед, ки инро дар пои худ чӣ тавр эҳсос мекунам.” Ӯ дар гуфтораш ягон андешаи пӯшидаро баён намекард. Лек занҳо чашмонашонро ба дигар ҷониб дӯхта, саъй доштанд аз пешаш ҳар чи тезтар дур шаванд. Аз афташ ба вай лозим набуд, аз хусуси пойи дардмандаш ҳарф занад.

Ин ба он монанд буд, ки гӯё мехост бо ин васила маблағ ба даст орад. Дар асл бо худдории басо нозуктабиати маллоҳӣ фарқ дошт. Лек пойи дардмандаш ӯро чунон азият медод, ки дигар асабҳояш дошт карда наметавонист. Ин азият бо ҳаёти ӯ чунон сахт марбут гашта, ки хомӯшӣ аз ин хусус ғайриимкон буд. Гоҳо, аксар вақт дар рӯзҳои софу гарм, ҳангоме сабила ғарқи гул ва ӯ муҳтоҷи даромадҳои иловагӣ набуд, харидорон эҳсонкорӣ нишон дода, ба ҷойи ним пенс, ба ӯ як пенс тақдим мекарданд. Чунин рафтор ноаён, ғайриихтиёр дар вуҷудаш одатеро қавӣ мегардонд, ки мехост аз барои пойи дардмандаш бигиряд.

Албатта, ӯ рӯзҳои истироҳатӣ надошт. Лек гоҳо дар ҷойи маъмулӣ ба чашм намерасид. Ин дар ҳоле рух медод, ки пойи дардманд ҳис мекард, нисбаташ муносибати бепарвоёна дорад. Пас тавре худи ӯ изҳор дошт, “дардҳои бешумор” барояш эҷод мекард. Дар чунин ҳол қарзи иҷораи манзил афзоиш меёфт, лек ӯ мегуфт: “Аз манзил наметавонӣ берун шавӣ, пас аз уҳдаи кор ҳам намебароӣ. Ҳамин тавр не?” Баъди рӯзҳои истироҳати иҷборӣ ба кор бо ғайрати дучанд часпидаю бобати дарёфти сабила, аз шаҳр берун, хеле дур мерафт. Бегоҳ то даме, ки молро пурра намефурӯхт бозгашт ба манзилро барояш раво намедид. Зеро чунин мешумурд, агар ҳозир нафурӯшад, пас дигар гумон аст аз уҳдаи ин кор барояд.

Соли нав барояш чун ид буд. Дар рӯзҳои солинавӣ одамон мехостанд паррандачаҳои хешро каме эрка намоянд. Ва харидорони доимӣ тангаҳои шашпенси ба ӯ тақдим мекарданд. Ин айни муддао буд. Зеро дар ин айём ӯ аксар вақт азияти беморӣ мекашид. Шояд аз носерамӣ ё шояд аз таъсири сардӣ. Пас аз хурӯҷи бемории зиққи нафас, ки ҳамасола рух медод, чеҳраи шамолхӯрдааш басо рангпаридаю дар чашмони кабудаш гӯё тумани шабҳои бедорхобӣ нақш мебаст. Шабаҳи маллоҳони ғарқшуда, мебоист чунин менамуданд. Дастони шахшули ларзонаш саъй дошт миёни саракҳои сабила навъеро дарёбад, ки савъаи шилқин аз он рӯ натобад.

– Шумо бовар нахоҳед кард, бо чӣ қадар душвориҳо ин ҳиссаи ночизро дарёфтам, — мегуфт вай. – Ба назарам чунин менамуд, ки поямро он ҷо гузоштаам. То ҳаде беҳол шудаам, ки мадори аз лойу ифлосиҳо берун овардани он намондааст. Ҳамсарам чӣ? Вай мубталои бемории буғумдард ва рагкашист. Танҳо тасаввур бояд кард, то кадом андоза ман ноуҳдабароям! – ва танҳо Худо медонист, аз куҷо хушҳолӣ ёфтаю табассум мекард. Пасон ба пойи дардманди хеш, ки “қариб он ҷо гузошта буд”, нигариста бо як ҳисси таъриф илова месозад. – Ана, мебинед, ки дар он тамоман мадор, як ҳиссаи мушак ҳам намондааст. Хеле кам нафарон ёфт мешаванд, бо чунин пой.

Гӯё бо як ҳисси ифтихормандӣ овозу чашмонаш сухан мегуфтанд.

Барои мушоҳидачии бепарво дарк намудан душвор буд, ки боз кадом чизе метавонад ин одамро ба ҳаёт дилгарм созад. Аз паси тирагиҳои заҳмати ҷонкоҳи ӯ ва ранҷу азиятҳояш чашмони ҳамоно зиндаи паррандаи хастаҳоли даруни ботинаш ҳарчанд суст маҳфуз бошад ҳам, лек бо қанотҳои боқимондаи шикаста ҳанӯз бол мезанад. Аз нигоҳи аввал чунин менамуд, ки ба ин одам лозим нест дигар ба ҳаёт чанг занад. Зеро рӯзгор дар пеш барояш фақат ноҷӯриҳо меорад. Нисбати ояндаи хеш ба таври номуайян андеша баён дошт: “Ҳамсарам ҳар замон бароям иброз медорад: нисбати рӯзгоре, ки аз мост, набояд бадтар зист. Ва, албатта ҳақ ба ҷониби ӯст, агар танҳо гӯем, ки мо умуман зист дорем…”

Ба ҳар ҳол, боре ҳам ба сараш чунин андеша наомадааст: “Чаро минбаъд ҳам зиндагӣ намоям?” Аз афташ, қувваозмоӣ бо тақдири шум, муқобилият нишон додан ба ҳама душвориҳо барояш пинҳонӣ фараҳ меовард. Ва ин басо гуворост. Зеро ҳатто рӯзона, бо фонус ҳам таъиноти мувофиқро баҳри ояндаи насли одамӣ нахоҳед ёфт.

Бо чеҳраи афгор, лек ифодагари иродаи қавӣ ӯ дар кӯчаи серодам, назди сабад ба асои дағар-буғури хеш такя зада меистод. Чун муҷассамаи матонати беҳамтои бузурги одамӣ, он нафари умедворкунанда ва илҳомбахше, ки танҳо рӯи замин мавҷуд аст.

Ҷон ГОЛСУОРСИ, адиби англис

Аз русӣ тарҷумаи Толибшоҳи ДАВЛАТ, “ҶТ”