734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню


Дар шаҳри Душанбе Конференсияи назариявӣ — амалӣ дар мавзӯи “Меҳри Ватан дар сиришти мост: иштибоҳ бахшидашаванда, хиёнат нобахшиданист” доир гардид

Конфренсияи назариявї — амалї дар мавзӯи “Мењри Ватан дар сиришти мост: иштибоҳ бахшидашаванда, хиёнат нобахшиданист” доир гардид

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон дар Осорхонаи миллии Тољикистон дар њошияи филми њуљљатии “Хиёнат” Конференсияи назарриявї — амалї дар мавзўи «Мењри Ватан дар сиришти мост: иштибоњ бахшидашаванда, хиёнат нобахшиданист» баргузор гардид, ки дар кори он роњбарият ва масъулини Кумитаи кор бо љавонон ва варзиш, намояндагони фаъоли љомеаи шањрвандї, намояндагони Иттифоќи љавонони Тољикистон, раиси Шӯрои олимони љавони Тољикистон ва љавонони фаъол аз шањру ноњияњои љумњурї иштирок ва маърӯзањо намуданд.

Маърӯзачиён дар баромади худ вобаста ба хиёнатњои разилонаи нањзатиён, аз љумла Кабирии хоин ва њаммаслаконаш дар давраи солњои 90 — уми асри 20 то ин давра, ки дар филми њуљљатии “Хиёнат” ошкоро нишон дода шуд, андешаронї намуда, амалу кирдорњои ѓайриинсонии хоинонро котеъона мањкум намуданд.

Зимни конфронс аз љониби роњбарияти Кумитаи кор бо љавонон ва варзиш ќайд гардид, ки тањиягарони филм аз њаќиќати таърих њарф зада, тамошобинонро ба зиракии сиёсї, ба њимояи њокимияти конститутсионї ва садоќат ба Ватану миллат даъват намудаанд.

Навори мазкур ба корњои ношояму нописандида ва амалњои террористиву экстремистї, ки аз тарафи нањзатиён рух дода буданд, бахшида мешавад. Филми мазкур чењраи воќеии хоинони миллати тољикро аз забони шоњидони воќеии њодисањои террористиву экстремистї ошкор месозанд. Дар партави ин филм дидани манзарањои вањшатангез, террори чењрањои сиёсї, фарњангї ва илмии кишвар, намояндагони ташкилотњои байналмилалї, гаравгонгирї ва харобу валангор намудани манзилњои зисти сокинони минтаќањои гуногуни љумњурї, ки тайи солњои 90-ум ва баъди он нањзатињо анљом доданд,  нишон медињад.

Иштирокчиёни конференсия ба тањиягарони филми њуљљатии “Хиёнат” изњори миннатдорї баён намуда, рӯйи навор омадани чунин филњои таъсирбахшро яке аз василаи баланд бардоштани зиракии сиёсии љавонон, боз њам муттањид гардидани онњо дар партави сиёсати сулњљӯёнаи давлату Ҳукумати кишвар ва решакан намудани амалњои ифротгароёна арзёбї намуданд.

Дар охир аз номи иштирокчиёни конференсия аз љониби волонтёри фаъол – Омина Ҳамроева мурољиатномаи љавонону варзишгарони кишвар вобаста ба љонибдорї аз филми мустанади “Хиёнат” ироа гардида, дастаљамъона ќабул карда шуд.

 


09.07.2020 Нет комментариев