734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню


«Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019–2022» ба тасвиб расид.

   Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам  Рустами Эмомалӣ «Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019–2022» ба тасвиб расид, ки қарори мазкур бо мақсади фароҳам овардани имконоти муассир ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, фарҳангсолорӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ пешбинӣ гардидааст.

Тибқи қарори мазкур, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи барномаи мазкур муайян карда шудааст.

Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар доираи барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон барои солҳои 2019 – 2022-ро таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида маблағгузории онро таъмин менамоянд.


26.02.2019 Нет комментариев