734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню


“ТАРОНАИ САРБОЗ” ТАРҒИБГАРИ СУРУДҲОИ ВАТАНДӯСТОНА

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҷлили 26 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 феврали соли 2019, №75 тасдиқ гардидааст, бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов» чорабинии тантанавӣ ва даври шаҳрии Фестивали сурудҳои ватандӯстонаи “Таронаи сарбоз” доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ суруди миллии Тоҷикистон садо дода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ афсарону сарюозонро аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар доираи дастгириҳои Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон артиши кишвар ба як нерӯи пуриқтидор ва сипари боэътимоди миллат табдил гардидааст, ки сафи онро ҷавонони ғаюру далер ва ватандӯсту худшинос пур карда, аҳлонаву содиқона ҳимояи Ватанро ихтиёр кардаанд.
Мавсуф ҳамчунин дар робита ба нақшаву барномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба тадбирҳо бахшида ба 26 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда, ба тамоми сарбозону афсарон ва собиқадорони соҳаи ҳизмати ҳарбӣ, волидайни сарбозон, наврасону ҷавонон, ки дар чорабинии тантанавӣ даъват гардида буданд, барору комёбиҳо таманно намуд.


Дар идомаи қисмати расмиву тантанавии чорабинӣ, аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ба як қатор собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони башардӯст, хизматчиёни ҳарбӣ, ҷавонони фаъолу пешқадам, сарбозону афсарон ва иштирокчиёни Фестивали сурудҳои ватандӯстонаи “Таронаи сарбоз” тӯҳфаву ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби сарбозону афсарон ва сарояндагони ҷавон аз Оркестри Раёсати Қушунҳои дохилӣ ва Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ансамбли “Марзбон”- и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ансамбли «Шараф»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ансамбли ҳунарии Оркестри ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурудҳои тараннумгари васфи модар-ватан, дустӣ, арзишҳои соҳибистиқлолиии кишвар, ваҳдату ягонагӣ, садоқат ба хизмат дар сафи артиш ва ба ин монанд пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуданд.


Маврид ба таъкид аст, ки аз оғози моҳи феврал дар доираи нақшаву барномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади таҷлили сазовори 26 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои гуногунмазмун дар шакли барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ, боздиди ҷавонони то синни даъватӣ аз қисмҳои низомӣ, мусобиқаҳои варзишиву солимгардонӣ, тадбирҳои фароғативу дасторхонӣ идона дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба ҳизмати модар Ватан дар сатҳи шаҳр ва ноҳияҳои он дар тамоми қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳри Душанбе, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту корхонаҳо роҳандозӣ гардиданд, ки шумораи васеъи наврасону ҷавонон фаро гирифта шуданд.


22.02.2019 Нет комментариев