734002, Таджикистан, Душанбе ул Спортивная 6 (+992 37) 2351023; 2367815;

Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан

Меню


Имрӯз конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ — назарявӣ баргузор гардид

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 феврали соли 2019, соати 10:00 дар Кохи Афсарон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назарявӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва нигоҳдошти амну суботи ҷомеа” баргузор гардид.
Дар кори конфронс раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардида, дар он роҳбарияти Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ менамоянд. 
Конференсияи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид, бахшида ба 26 — солагии таъсисёбии Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. 


Ҳамзамон, дар кори конфронс, гирандагони стипендияҳои Президентӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи кишвар ва як зумра ҷавонони фаъол иштирок намуда истодаанд. 


Лозим ба ёдоварист, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонону наврасон ва талқини худшиносӣ дар замири насли наврас бо мақсади ҷалби ҷавонон ба хизмати Ватан – Модар ҳар сол чорабиниҳои гуногуни илмӣ – адабӣ, фарҳангӣ фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ роҳандозӣ карда мешавад, ки дар соли ҷорӣ низ дар саросари кишвар баргузории чунин чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст. 


Бахшида ба 26 — солагии Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони имсол аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 521 чорабинӣ ба нақша гирифта шуда, он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар дар сатҳи баланду зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд.


22.02.2019 Нет комментариев