734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон

Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.12.2014, №760 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд).

Конспесияи миллии СДҶ


Стратегияи  сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020.

Стратегия то 2020


Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2018.

Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон 2016-2018


Низомнома дар бораи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Низомномаи шурои миллии кор бо човонон


Низомнома дар бораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои  олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд.

Чоизаи Исмоили Сомони


Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ.

Низомномаи стипендияи Президенти


Низомномаи стипендияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни фаъол ва болаёқати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ.

Низомномаи стипендияи Кумита


Низомномаи грантҳои Ҳкумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи втанпарастии ҷавонон.

Низомномаи грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ


 

Ҷавонон

18.01.2020 Дар соли 2020: Оид ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ чорабиниҳои мухталиф доир мегардад

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи рушди сармоягузории кишвар нақшаи муштараки чорабиниҳоро вобаста ба татбиқи “Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” барои соли 2020 – ро ба тасвиб расониданд. Тибқи Нақшаи мазкур мақомотҳои дахлдори давлатӣ дар якҷоягӣ дар давоми соли 2020 чорабиниҳои гуногунро вобаста ба рушди бозори меҳнат, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар рақобати бозори меҳнат, ташкили мизҳои мудаввар вобаста ба рушди фаъолияти соҳибкории хӯрду миёна, ташаккули соҳибкории хӯрду миёна дар минтақаҳои дурдасти кишвар, ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ дар самти рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии […]

17.01.2020 Озмуни ҷумҳуриявӣ: Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуривияии мақолаи беҳтарини публисистиро дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист” миёни ҷавонони касбу кори гуногун, олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар эълон менамояд. Мақолаҳо то санаи 10 феврали соли 2020 ба унвонии Кумита аз ҷониби иштирокдорон бояд дар шакли электронӣ ва хаттӣ тавассути почтаи электронии tjavononi@gmail.com ирсол карда шаванд. Ғолибон дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

17.01.2020 Аксияи тарғиботӣ дар ноҳияи Деваштич

15 январи соли 2020 дар маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Ғончии вилояти Суғд аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон амалҳои ифротиро маҳкум менамоем!” миёни  аҳолӣ баргузор карда шуд. Аксияи мазкур аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич дар ҳамкорӣ бо филиали ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” роҳандозӣ карда шудааст. Ҳадафи асосии аксияи мазкур пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ – экстремистӣ, огоҳии мардум аз гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷавонон мебошад.

17.01.2020 Юнусов Комрон  – роҳбари намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Ҷумҳурии Халқии Хитой таъин гардид

Бо розигии раиси Шӯрои маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” Абдуллозода Аҳтам Рустам роҳбари намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Юнусов Комрон Субҳонович  – донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи омӯзишҳои байналмилалӣ  таъин гардид. Юнусов Комрон Субҳонович  минбаъд роҳбари намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”  дар ҳамкорӣ бо Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ва намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, корпусҳои дипломатии созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои маҳфил  ва татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, муаррифии таърих, фарҳанг, осори пурғановати миллати тоҷик ва мусоидат дар ҳалли мушкилоту дастовардҳои ҷавонон дар давлати мазкур фаъолият менамояд. Ҳамзамон, дар доираи қарори мазкур […]

14.01.2020 Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс соҳиби 3 медал шуданд

 Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни наврасон варзишгарони тоҷик сазовори 3 медал: 2 нуқра ва 1 биринҷӣ шуданд.  Мусобиқаи мазкур аз 6 то 10 январ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуда, дар он наздик ба 200  нафар варзишгарони соли таваллудашон 2004-2005 аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон,  Қазоқистон ва Россия иштирок намуданд. Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба бокс миёни наврасон аз рӯи 15 категорияи вазнӣ доир шуда, аз ҳайати дастаи Тоҷикистон медалҳои нуқраро Алишер Саидов дар вазни 44кг ва Абубакр Муродов дар вазни 54кг ба даст оварданд. Дар вазни 63кг Нурланбек Ёрматов ғолиби медали биринҷӣ гардид.  

Варзиш

14.01.2020 Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс соҳиби 3 медал шуданд.

 Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни наврасон варзишгарони тоҷик сазовори 3 медал: 2 нуқра ва 1 биринҷӣ шуданд.  Мусобиқаи мазкур аз 6 то 10 январ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуда, дар он наздик ба 200  нафар варзишгарони соли таваллудашон 2004-2005 аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон,  Қазоқистон ва Россия иштирок намуданд. Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба бокс миёни наврасон аз рӯи 15 категорияи вазнӣ доир шуда, аз ҳайати дастаи Тоҷикистон медалҳои нуқраро Алишер Саидов дар вазни 44кг ва Абубакр Муродов дар вазни 54кг ба даст оварданд. Дар вазни 63кг Нурланбек Ёрматов ғолиби медали биринҷӣ гардид.  

13.01.2020 Тақвими чорабиниҳои варзишӣ барои соли 2020.

Бо қарор Ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2019, № 4.5 Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиќаҳои байналмилалӣ барои соли 2020 тасдиқ гардид. Дар тақвими ягона чорабиниҳое, ки дар соли 2020 дар сатҳи маҳал, ноҳия, минтақа, вилоят ва ҷумҳурӣ доир мегарданд ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи тартиби муқараргардида барои дарёфти чеҳраҳои нави варзиш дар кишвар мусоидат менамояд. Тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишӣ аз се фасл иборат буда, дар фасли аввал чорабиниҳои оммавию варзишӣ аз рӯи намудҳои миллӣ, ки он аз 5 зербанд намудҳои миллӣ, олимпӣ, ғайриолимпӣ, чорабиниҳои гуногуни варзишӣ миёни донишҷӯён ва мусобиқаҳои сатҳи […]

09.01.2020 Дар Душанбе Чемпионати CAFA оид ба футзал миёни духтарон доир мегардад.

Таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) аз 24 то 29 январ дар шаҳри Душанбе аввалин Чемпионати CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола баргузор мегардад. Дар чемипионат 6 дастаи мунтахаб аз Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок мекунанд. Дар доираи Чемпионати CAFA-2020 миёни духтарони то 19-сола ҳамагӣ 15 бозӣ баргузор мешаванд. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад. Дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад. Дар мусобиқа Тоҷикистонро дастаи мунтахаби бонувони ҷавон оид ба футзал бо роҳбарии сармураббӣ Шерзод Ҷумъаев намояндагӣ мекунад. Чемпионати CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола Даври 1-ум 24 январ (ҷумъа) Эрон – ТОҶИКИСТОН Қирғизистон – Афғонистон […]

09.01.2020 Мусобиқаҳои варзишии таътили зимистона дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни наврасону ҷавонон, дар давраи таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, шашка ва шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ  баргузор гашта, голибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар мусобиқаҳои мазкур зиёд аз 3000 нафар хонандагон, аз ҷумла 200 нафар бонувон иштирок намуданд.  

09.01.2020 Соли 2020 – соли муҳим барои соҳаи варзиш.

  Соли 2020 дар сатҳи ҷаҳон, қора ва ҷумҳурӣ воқеаҳои муҳими варзишӣ баргузор мегарданд. Бозиҳои маҷмӯии варзишии ҷаҳонӣ 24 июл то 9 август ҳамаи чашмҳо сӯи Токио менигаранд. Пойтахти Ҷопон маротибаи дуюм дар таърих бузургтарин чорабинии варзишӣ – Бозиҳои олимпиро қабул мекунад. Токио соли 1964 мизбони Бозиҳои Олимпиада буд. Дар Токио беш аз 10 000 варзишгар аз 204 давлати дунё ба ҳам меоянд ва аз рӯи 33 намуди варзиш барои 339 маҷмӯи медалҳо нерӯ месанҷанд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо федератсияҳои варзишӣ тамоми имкониятҳоро ба варзишгарон равона намудаанд. Солҳои 2018-2019 баъзе мусобиқоти интихобии олимпӣ баргузор шуданд, вале бахт ба рӯи варзишгарони мо […]

Данная рубрика не содержит информаций