734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент

Ҷавонон

07.04.2020 Ҷаласаи корӣ бо мудирони шӯъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди пойтахт

Санаи 7 апрели соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми раиси Кумита Назарзода Ризо Шодӣ ва мудирони шӯъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Ҷаласаро муовини якуми раиси Кумита Назарзода Ризо Шодӣ оғоз намуда, вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида ва бартараф намудани камбудию мушкилотҳои ҷойдошта ба тамоми масъулин дастур ва супоришҳои мушаххас доданд.

07.04.2020 СОЛИМИИ ҶАВОНОН – СОЛИМИИ МИЛЛАТ

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштарак ва дар доираи ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 7 – апрел Рўзи умумиҷаҳонии тандурустӣ Аксияи ташвиқотию тарғиботӣ вобаста ба ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни қишри ҷомеаи ҷавонон баргузор гардид.         Дар аксияи мазкур волонтёрон зиёда аз 2000 (ду ҳазор) варақаҳои иттилоотиро дар кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо, инчунин ҷойҳои ҷамъиятӣ ва назди Маркази савдои «Садбарг» миёни аҳолӣ тақсим намуданд.

06.04.2020 КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Санаи 6 апрели соли 2020 дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ аз корҳои ободонию созандагии ҷамоатҳои Исмоили Сомонӣ, Росровут ва Ваҳдати ноҳия дидан намуданд. Иншоотҳои маишиву толорҳо, марказҳои хизматрасонии соҳаҳои гуногун дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бомаром бунёд гардида истодааст, ки ин ҳама талошҳои сокинони баруманди ноҳия баҳри дар сатҳи баланди ҷашнӣ пешвоз гирифтани 30 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

06.04.2020 Табрикоти Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 90-солагии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”

Қаламбадастони азизи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”.  Нахуст ҳамаи Шуморо ба ифтихори 90-солагии рӯзномаи дӯстдоштании хурду бузурги кишвар – “Ҷавонони  Тоҷикистон” табрику таҳният гуфта, бароятон комёбӣ ва қалами буррою созанда орзумандам. “Ҷавонони Тоҷикистон” аз зумраи рӯзномаҳое мебошад, ки аз ибтидо бо сабку услуби хоси хеш дар таҳкими дӯстиву рафоқат, якдиливу созандагӣ ва ватандӯстиву худшиносии аҳли ҷомеа саҳми арзанда гузоштааст. Агар ба таърихи рӯзнома назар андозем, маълум мегардад, ки 90 соли фаъолияти рӯзнома 90 соли бурду бохт ва дастовардҳои муҳими таърихии миллати тоҷикро дар худ таҷассум менамояд. Дар воқеъ, рисолати ҳар рӯзнома аз он иборат аз аст, ки дар раванди фаъолияти худ пеш аз ҳама тарғибгару ташвиқкунандаи дастовардҳои миллӣ, муқаддасоти давлатӣ ва арзишҳои […]

04.04.2020 ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ!

Рӯзи 1 апрели соли 2020 мавсими баҳоронаи маъракаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маросими гусели наваскарон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор карда шуд. Ҷавононмардони бонангу номуси миллат сарбаландона ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд. Дар рӯзи аввали даъват ВМКБ, ноҳияҳои Сангвор, Рашт, Нуробод ва Тоҷикобод 100% нақшаи даъватро сарбаландона иҷро намуданд. Ҳамин тариқ дар рӯзи якуми даъват аз вилояти Хатлон 700 нафар, вилояти Суғд 371 нафар, ВМКБ 236 нафар, ШНТҶ 1248 нафар ва шаҳри Душанбе 415 нафар наваскарон ихтиёрӣ бо сари баланду дили гарм ба Хизмати Ватан – Модар гусел карда шуданд.

Варзиш

07.04.2020 ТО ЛАҲЗАЕ, КИ ВАРЗИШ ВУҶУД ДОРАД, НАЗОРАТИ ДОПИНГ НИЗ ВУҶУД ДОРАД.

Допинг – ин номро шояд Шумо дар доираи гурӯҳи варзишгарон ва тариқи васоити ахбори омма (ВАО) зиёд шунидаед. Он маълумотҳое, ки Шумо дар бораи маводи барангезандаю нерӯафзо (допинг) доред шояд дуруст бошад, вале муҳим донистани далелҳо аст. Қабл аз кушоду равшан намудани мавзӯи мазкур мехостем оиди соҳаи варзиш ва маводи барангезандаю нерӯафзо (допинг) маълумот манзур намоем: Варзиш – як рукни тарбияи ҷисмонӣ буда, дар шакли таҷрибаи он омодагии инсон ба мусобиқот ва фаъолияти мусобиқавӣ ба даст овардани натиҷаҳои варзишиӣ ташаккул ёфтааст. Допинг – аз калимаи англисӣ (dope) гирифта шуда, маънояш истифодаи маводи мухаддир, барои муваққатан нигоҳ доштани нерӯи ҷисмонӣ ва равонӣ истифода шуда, мебошад. Тавре  маълум аст, варзиш василаи беҳтарини […]

07.04.2020 ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА БОКС ҶАМЪБАСТ ГАРДИД.

Тавре иттилоъ дода будем, аз 2 то 6 апрели соли 2020 дар шаҳри Душанбе чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс (мардон ва занон) баргузор гардид. Чемпионат бо иштироки 117 нафар варзишгарон аз дастаҳои – Душанбе-1 – 1 даста; – Душанбе-2 – 1 даста; – ВМКБ-1 – 1 даста; – ВМКБ-2 – 1 даста; – вилояти Хатлон 1 – 1 даста (минтақаи Бохтар); – вилояти Хатлон 2 – 1 даста (минтақаи Кўлоб); – вилояти Суғд-1 – 1 даста; – вилояти Суғд-2 – 1 даста; – ШНТҶ 1 – 1 даста; – ШНТҶ 2 – 1 даста баргузор гардид. Дар маросими туҳфасупорӣ сардори Раёсати тарбияи ҷисмонї ва инкишофи варзиши Кумита Бозоров Носир […]

06.04.2020 КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ.

Санаи 6 апрели соли 2020 дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ аз корҳои ободонию созандагии ҷамоатҳои Исмоили Сомонӣ, Росровут ва Ваҳдати ноҳия дидан намуданд. Иншоотҳои маишиву толорҳо, марказҳои хизматрасонии соҳаҳои гуногун дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бомаром бунёд гардида истодааст, ки ин ҳама талошҳои сокинони баруманди ноҳия баҳри дар сатҳи баланди ҷашнӣ пешвоз гирифтани 30 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

03.04.2020 ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ.

Намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ имрӯз аз иншоотҳои ҷашнии Ҷамоати деҳоти Далёни Боло ва Ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич дидан намуданд. Иншоонтҳои мазкур ба муносибати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида истодаанд.    

02.04.2020 Ақли солим, руҳи солим  ва тани солим  аз варзиш аст..

Ҳар шахсе, ки новабаста ба кадои намуди варзиш машғул мешавад, ин се гавҳари ноёбу беназирро доро мегардад. Бо ҳамин мақсад Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша талош бар он менамоянд, ки ҷавонону наврасонро, ки як қишри фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад ба варзиш ва солимгардонии бадан ҷалб менамояд. Футбол- яке аз шавқовартарин ва маъмултарин намуди варзиш дар дунё ба шумор меравад, ки дорои дӯстдорон ва ҳаводорони зиёд мебошад. Дар ин росто Кумита тасмим гирифтааст, ки  миёни кӯчаву маҳаллаҳо ва деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар мусобиқа аз рӯйи ин намуди варзиш ташкил  ва баргузор намояд. Бо ҳамин мақсад дар тамоми манотиқи кишварамон аз 1- уми апрели соли ҷорӣ […]

Данная рубрика не содержит информаций