734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент

Ҷавонон

04.07.2020 “ТЕРРЕНКУР- РОҲГАРДИИ САЛОМАТӢ”

 Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Курбоналӣ, санаи 4 июли соли равон терренекур –роҳгардии саломатӣ дар боғҳои фарҳангӣ – фароғатии шахри Душанбе аз ҷумла, дар ” Боғи ҷавонон”, “Наврӯзгоҳи пойтахт”, “Боғи кули ҷавонон” ва “Боғи назди Нишони давлатӣ”-и шаҳри Душанбе оғоз гардид. Бояд қайд намуд, ки дар терренкур – роҳгардии саломати маъсулони муассисаҳои давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб ва Мактаби ҷумҳуривии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол”, “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквандо”, “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оиб ба риштаҳои амалӣ”, “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои обӣ”, “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба […]

03.07.2020 Терренкур-роҳгардии саломатӣ

Терренкур-роҳгардии саломатӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе баъд аз бемории сироятии COVID-19, санаи 04.07.2020 дубора шурӯъ хоҳад гашт.

03.07.2020 Аз “ҳавас” то хумор як қадам роҳ аст

Ҳафтаи гузашта, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар натиҷаи фаъолияти густурдаи кормандони ин ниҳод дар нимаи аввали моҳи июн гурӯҳи калони шаҳрвандони дастдошта ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор, дастгир ва зиёда аз 40 кг маводи мухаддир ва 2224 адад ҳабби мадҳушкунандаи синтетикӣ дарёфту мусодира гардид. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар дар соли 2019 шумораи нашъамандон дар ҷумҳурӣ 5375 нафарро ташкил медод. Дар соли ҷорӣ ин шумора шояд бештар шуда бошад. Ва мутаассифона мувофиқи оморҳо аксари истифодабарандагони маводҳои нашъаовар ҷавононанд. Нашъамандӣ вабои аср буда, роҳест ба ҷиноят, маҳкумӣ, танҳоӣ ва марг. Нашъамандон дӯстони солим, волидайн, фарзандон ва манбаи даромади худро аз даст дода, аз зиндагии воқеияшон […]

03.07.2020 ҶАВОНОН КАММУТОЛИААНД, КӢ ГУНАҲГОР?

Рӯзномаву маҷаллаҳо бо инъикоси набзи ҷомеа, навгониву рӯйдодҳои ҳаёти ҳаррӯза, фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар матолиби иттилоотиву таҳлилӣ дар рушду пешрафти ҷаъият нақши муассир доранд. Зеро ҳар матлабе, ки дар матбуоти даврӣ чоп мегардад, метавонад роҳи дурусти ҳаллӣ масоили мавҷударо бозгӯӣ кунад. Ба ҳамин хотир имрӯз дар ҳаёти муосир фаъолияти рӯзномаву маҷаллаҳо ба таври густурда ба роҳ монда шудаасту барои дастрасии онҳо дӯконҳои махсуси фурӯши рӯзномаҳо дар хизмати сокинон мебошад. Бояд гуфт, ки вазифаи идораи рӯзномаву маҷаллаҳо ба чоп расонидани матбуоти даврӣ мебошад ва паҳнсозиву то ба дасти хонанда омода намудани он паҳлуи дигари масъала аст, ки барои ин кор тибқи шартномаҳои тарафайн дигар ниҳодҳо масъулият доранд. Мутаассифона, сол […]

02.07.2020 Воқеъияти таърих ва хиёнатҳои наҳзат

Пас аз тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” мардуми тоҷик бори дигар аз хиёнату разолат, ҷаҳолату ваҳшоният, қатлу куштор, ноодамиву бедодгариҳои собиқ ҳизби террористӣ-экстремистӣ (ҲНИ) огоҳ шуд. Бори дигар ҷавонони саодатманду мардуми азияткашида, огоҳ гардиданд, ки ин афрод чигуна мисли каждуми зери бӯрё ба мафкураи мардум ва ҷавонон андешаҳои нопоку нақшаҳои хиёнатпешагиро ҷой додаву онҳоро ба сӯи хонавайрониву ватанхаробӣ, динситезиву бедодгарӣ раҳнамоӣ мекунанд. Бо тамошои ин филм ҳатто тасаввур кардани даҳшати он рӯзҳои шум бароям мушкил буд. Вой бар ҳоли кӯдакони он давру замон, ки аз волидайн ҷудову саргардон ва бепарастор монданд ва модарони озурдаву ҷигарсӯз, ки шавҳару фарзандон ва хонаву дари худро аз даст доданду зери зулму ситами ин хоинон қарор […]

Варзиш

04.07.2020 “ТЕРРЕНКУР- РОҲГАРДИИ САЛОМАТӢ”.

 Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Курбоналӣ, санаи 4 июли соли равон терренекур –роҳгардии саломатӣ дар боғҳои фарҳангӣ – фароғатии шахри Душанбе аз ҷумла, дар ” Боғи ҷавонон”, “Наврӯзгоҳи пойтахт”, “Боғи кули ҷавонон” ва “Боғи назди Нишони давлатӣ”-и шаҳри Душанбе оғоз гардид. Бояд қайд намуд, ки дар терренкур – роҳгардии саломати маъсулони муассисаҳои давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб ва Мактаби ҷумҳуривии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол”, “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквандо”, “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оиб ба риштаҳои амалӣ”, “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои обӣ”, “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба […]

03.07.2020 ФУТБОЛ. Бозиҳои даври дуюми лигаи футболи бонувони Тоҷикистон оғоз шуданд.

Пас аз танаффуси 72-рӯза, бо сабаби пандемияи COVID-19, Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон бо иштироки 10 даста дубора шуруъ шуд. Қобили  зикр аст, ки 2 июли соли равон бозиҳои даври дуюми лигаи бонувони Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуданд, ки дар се бозӣ ҳисоби калон ба қайд гирифта шуд. Довталабони медалҳои тилло – «Хатлон»-и Бохтар ва «Зебонисо»-и Душанбе дар бозиҳои хонагӣ мутаносибан бар дастаҳои  «Барқ» бо ҳисоби  8:0  ва «Бешкент» бо натиҷаи   3:1  ғалаба карданд.   Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон. 2-юм давр «Хатлон» – «Барқ» – 8:0 Голҳо: Шукрона Азимзода, 23 (1:0). Лайло Ҳалимова, 35 (2:0). Лайло Ҳалимова, 44 (3:0). Лайло Ҳалимова, 56 (4:0). Лайло Ҳалимова, 71 (5:0). Шукрона […]

02.07.2020 Табрикоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии хабарнигорони соҳаи варзиш.

Муҳтарам рӯзноманигорони соҳаи варзиш, Шуморо бо Рӯзи умумиҷаҳонии хабарнигорони соҳаи варзиш самимона шодбош мегӯям. Аз соли 1995 сар карда бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ ҳамчун 2- юми июн Рӯзи ҷаҳонии журналистони варзиш таҷлил карда мешавад. Хотирнишон бояд кард, ки дар ин рӯз соли 1924 дар шаҳри Парижи Фаронса Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ таъсис ёфта, ҳоло 159 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон аз соли 2011 узви ин Ассотсиатсия мебошанд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дастгириву ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи хабарнигорӣ, хусусан журналистикаи варзишӣ таҳаввулоти бузург ба миён омад. Маҳз пуштибонии Сарвари давлат буд, ки аз 1 марти соли […]

02.07.2020 Паёми шодбошии муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии хабарнигорони соҳаи варзиш.

Муҳтарам журналистони соҳаи варзиш, Шуморо бо Рӯзи ҷаҳонии хабарнигорони соҳаи варзиш самимона шодбош мегӯям. 2-юми июл аз соли 1995 ин тараф бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии журналистони варзиш таҷлил мешавад. Дар ин рӯз соли 1924 дар шаҳри Парижи Фаронса Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ таъсис ёфтааст ва ҳоло 159 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон аз соли 2011 узви ин ассотсиатсия мебошанд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дастгириву ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи журналистика, хусусан журналистикаи варзишӣ таҳаввулоти бузург ба миён омад. Маҳз пуштибонии Сарвари давлат буд, ки 1 марти соли 2016 аввалин […]

30.06.2020 Тамринҳо дар давраи вабо.

Дар ин мақола саъй шудааст, дар қолаби 10 нукта ба суолҳои мураттаб ба таври мушаххас посух дода шавад. Оё варзиш кардан дар ин давра муфид аст ё хатар дорад? COVID-19 вирусест, ки боиси эҷоди тангии нафас мешавад ва агар иммунитет ба андозаи кофӣ қавӣ набошад, метавонад вазъи саломатии шахс, башиддат бад шавад. Ин масъала барои аксарият маълум аст, аммо дар мавриди варзишгарон ва варзиш кардан дар ин давра назарҳо мухолифанд. Беҳтар аст, ки ҳақиқатҳои илмӣ дар ин маврид гуфта шавад. Дар ин мақола, ки аз китоби “Тағзияи варзиш ва баъзе мақолоти илмӣ” гирифта шудааст, саъй гардид, ки дар қолаби 10 нукта ба саволҳои марбута ба таври хулоса посух дода шавад. […]

Данная рубрика не содержит информаций