734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Таърихи мо

Аз таърихи таъсиси Кумита (1991-2017)

Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлолият зарурати ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфтааст. Баъди 6 моҳи соҳиб гаштан ба истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон – Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (13 марти соли 1992 тасдиқ гаштааст) далели ин гуфтаҳост. Ибрози он бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосӣ ва стратегии фаъолият медонад.

Пеш аз қабули қонуни мазкур заҳмати Кумитаи Марказии анҷумани XXV Иттифоқи Ленинии Коммунистии Тоҷикистон (ИЛКҶТ) беканор буд. Бо амри тақдир вазифаи азнавсозии фаъолияти комсомол дар шароити ноустувори ҷамъиятӣ, буҳрони системаи иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба рушди иҷтимоии ҷавонон халал мерасониданд, ба зиммаи ҳамин анҷумани комсомоли Тоҷикистон вогузор гашта буд.

Бо назардошти ин, анҷумани XXV ИЛКҶТ 18 сентябри соли 1990 қарори дахлдорро оид ба лоиҳаи Қонун «Оид ба сиёсати ҷавонони РСС Тоҷикистон» қабул менамояд, ки дар он анҷуман изтиробу ҳаракати худро нисбат ба вазъияти номусоиди иқтисодӣ, ҳолати ногувори саломатии руҳию маънавӣ ва ҷисмонию ахлоқии насли ҷавон изҳор намуда, диққати роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакатро ба ҳалли таъҷилии масъалаҳои ҷавонон, коркард ва асосҳои сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароитҳо барои рушди фаъолияти иқтисодию сиёсии ҷавонон ҷалб карда буд. Ҳамзамон вакилони анҷуман муҳимият ва зарурати ин сиёсатро дар раванди ташаккули тарбияи идеологии ҷавонон пазироӣ намуда, ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд. Дар марҳилаи хотимаёбии ин анҷуман ногузирии таҳия ва татбиқи амалии сиёсати комилу босамари давлат нисбат ба ҷавонон иброз гардида, ҳайати нави Кумитаи Марказии ИЛКҶТ вазифадор гардид, ки ҳарчи тезтар лоиҳаи Қонуни РСС Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон»-ро таҳия намуда, ба сессияи навбатии Шурои Олии ҷумхурӣ барои баррасӣ пешниҳод намояд.

Тибқи ин супориш, пленуми Шурои Кумитаи Марказии (ШКМ) ИЛКҶТ-и 27 декабри соли 1990 баргузор гашта лоихаи Қонун «Дар бораи ҷавонон»-ро ба Шурои Олии РСС Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаи таъсис додани сохтори иҷроияи сиёсати давлатии ҷавонон расман ба Президенти РСС Тоҷикистон Қ. Маҳкамов муроҷиат менамояд. Дар ин хуҷҷат зикр гаштааст, ки «Ҳоло дар доираи қонунгузорӣ КМ ИЛКҶ Тоҷикистон лоихаи Қонун «Дар бораи ҷавонони РСС Тоҷикистон»-ро пешниҳод намуд, қарорҳои Шуроҳои вилоятию шаҳрии депутатҳои халқи Ленинобод «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташаккул додани сиёсати давлатии ҷавонон» кабул гаштаанд, корҳо барои омода сохтани барномаҳои ҷавонон дар вилоятхои Қургонтеппа ва Кӯлоб оғоз шудаанд, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои саноатӣ, колхозу савхозҳо як қатор қарорҳо оид ба ҳимояи манфиатҳои ҷавонон, мусоидат намудан ба фаъолияти хоҷагии онҳо ва дастгирии созмонҳои ҷавонон қабул гаштааст». Ҳамин тавр, дар ҷумҳурӣ ҷараёни сиёсати мақсаддори ҷавонон фаъолона ташаккул меёбад. Дар хуҷҷати мазкур КМ ИЛКҶТ талаботи худро оид ба ҳарчи тезтар таъсис додани мақомоти давлатии кор бо ҷавонон дар сохтори ҳокимияти иҷроия изҳор намуда, тартиботи мушаххаси ташаккул додан ва муайян кардани статуси ин мақомотро пешниҳод кардааст.

Дар натиҷаи ин заҳматҳо 9 феврали соли 1991 бо Фармони Презденти РСС Тоҷикистон №ФП-27 Кумитаи давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис дода шуд.

Ақидаи КМ ИЛКҶ Тоҷикистон нисбати дар марҳилаи аввали ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон номатлуб будани таъсиси сохтори ҳамҷоя («ҳамҳудуд») ҳануз дар муроҷиатномаи он ба унвони Президенти ҷумдурӣ аз 15 феврали соли 1991 иброз гардида буд. Роҷеъ ба ин масъала дар ин санад омадааст: «Дар даврае, ки сиёсати давлатии ҷавонон нав ташаккул меёбад, ба назари мо дар як Кумита якҷоя намудани ду самти кофӣ мустақил мувофиқи мақсад нест. Ин метавонад самти фаъолияти Кумитаи пешниҳодшавандаро ҷиддӣ тағйир дода, мақоми онро дар масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии ҷавонон, рушди ҳаракати ҷавонон дар ҷумҳурӣ ва нақши онро дар азнавсозии ҷомеа паст намояд».

Новобаста аз ин КМ ИЛКҶ, Тоҷикистон иқдоми пешгирифтаро пазироӣ намуда, таклифҳои гуногунро дар самти баланд бардоштани самарранокии фаъолияти мақомоти давлатии кор бо ҷавонон пешниҳод менамуд. Масалан, КМ ИЛКҶТ соли 1991 ба роҳбарияти Кумитаи давлатии оид ба кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва Кумитаи кор бо ҷавонони Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон муроҷиат намуда, таклифи мушаххасро оид ба сохтор ва вазифаҳои Кумитаи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пешниҳод карда буд. Дар ин пешниҳодот аз ҷумла иброз гашта буд, ки «.. вазифаи давлат ва сохторҳои вайро ҳамчун кафолати ҳифзи иҷтимоии ҷавонон эътироф карда, дар ҷараёни бевоситаи коркард ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон нерӯ ва имкониятҳои худи ҷавонон бояд фаъолона истифода гарданд». Бешубҳа ин гуфтаҳо, бори дигар собит месозад, ки таҷрибаи комсомол дар соҳаи кор бо ҷавонон бою рангин буда, нерӯи бузург дошт.

Таҳлилу омӯзиши ҷараёни баъдинаи ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки маҳз аз мадди назар дур мондани пешниҳодоту таклифҳои ташкилоти ботаҷрибаю бонуфӯзи ҷавонон, истифода нагаштани иқтидору имкониятҳои он дар марҳилаи аввали ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон боиси баъди як соли фаъолияти нопурра соли 1990 барҳам хурдани нахустин идораи давлатии кор бо ҷавонон гардид.

Баъди барҳам хурдани сохтори давлатии кор бо ҷавонон кадрҳои ботаҷрибаи он пароканда шуданд, ба дигар сохторҳои давлатӣ ба кор гузаштанд, шабакаи мавҷудаи хадамоти иҷтимоӣ барои ҷавонон барҳам хурд.

Ҳамин тавр, кушиши нахустини ташаккули сиёсти давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон бо сабабхои субъективй тақдири бебарориро соҳиб гашт ва моҳи январи соли 1992 дар ҳайати нави Девони Вазирон бар ивази Кумитаи давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Кумитаи давлатӣ оид ба варзиш ва туризм таъсис меёбад.

Новобаста ба ин, 13 марти соли 1992 Шӯрои Олии Ҷумқурии Тоҷикистон қонуни асосии ҷавонон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро кабул намуд. Сипас, байни соли 1992 бори дигар мақомоти давлатии кор бо ҷавонон дар шакли Кумитаи давлатӣ оид ба кор бо ҷавонон, варзиш ва туризм барқарор мегардад, вале бо сабаби номусоидии вазъияти сиёсии кишвар он фаъолияти муккамал намебарад.

9 июни соли 1993 баъди барқарор гаштани сохти коститутсионӣ бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тҷчикистон №256 Кумитаи корҳои ҷавонони назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад. Ин оғози кушиши дуюми ташаккул додани сиёсати давлатии ҷавонон буд. Мутаасифона, ташаббуси индафъаина пешгирифта низ ҷомаи амал напӯшид. Баъди якуним соли фаъолият дар натиҷаи ислоҳоти ҳокимияти давлатӣ Кумитаи мазкур барҳам хурд.

Ҳамин тавр, саъйи дуюми комилан ташаккул додани сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон низ бо нобарорӣ дучор гашт. Сабаҳои объективии рух додани ин ҳолат нисбат ба сабабҳои субъективиаш зиёд буданд, ҳол он ки дар кушиши якум вазъият хусусияти бараксро дошт. Новобаста ба он, ки ҳангоми кушиши аввал низ ҷамъият дар вазъияти ногувор ва муборизаи шадиди сиёсии тарафҳои гуногун қарор дошт, дар он вақт имконияти бузурги истифода намудани иқтидори комсомол, баъдан Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон, мавҷуд буд. Аммо ҳангоми кушиши дуюм чунин имконият набуд, аллакай ташкилоти ҷавонон иқтидори худро гум карда буд.

 Марҳилаи нави ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон

Равшан аст, ки пас аз барқарор намудани сохти конститутсионӣ роҳбарияти нави ҷумҳурӣ фаъолияту нерӯи худро ба самти барқарор намудани сулҳу субот, ваҳдат, ризоияти миллӣ дар мамлакат равона мекард. Баъди орому осоишта гаштани ҳаёти халқ, ба даст овардани ризоияти миллӣ, ваҳдат, Президенти мамлакат Э.Ш.Раҳмонов 23 майи соли 1997 бо намояндагони ҷавони кишвар вохӯрӣ доир менамояд ва фармони худро таҳти рақами №727 “Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон” ба имзо мерасонад. Сипас, мутобиқи он фармон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 1997, №240 дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо мерасад. Бо ин кушиши сеюми ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон оғоз гашт.

Ҳамин тариқ, кушиши навбатии ташаккули қисмати ташкилии сиёсати давлатии ҷавонон бомуваффақият анҷом ёфта, қисмати ташаккули идеологии он оғоз ёфт. Таҷрибаи 7 сола доштани Кумитаи кор бо ҷавонони нишон медод, ки иқтидори он пурқувват гашта, барои минбаъд нигоҳ доштани мақоми абадии худ тайёр аст.

Дар натиҷаи номукамалии сиёсати давлатии ҷавонон солҳои 1990-1997 ба Кумитаи кор бо ҷавонони навтаъсис ба ғайр аз қонуни асосии ҷавонон қариб, ки чизе мерос намонда буд. Набудани асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба татбиқи бошитоби қонуни асосии ҷавонон мусоидаткунада, самтҳои тамоюлнокӣ аз мавқеъи илмию назариявӣ асоснок гашта, заминаҳои методӣ, иттилоотию таҳлилӣ, моддию техникӣ ва кадрии сиёсати давлатии ҷавонон нишондиҳандаҳои асосии фазоеро, ки Кумитаи кор бо ҷавонон дар он фаъолияти худро оғоз намуд, ташкил менамуданд.

Бо вуҷуди ин ба роҳбарияти Кумита муяссар гашт, ки охирҳои соли 1997 ба муваффақиятҳои ҷиддӣ соҳиб гардад. Дар ин муддати кутоҳ ду қарори муҳиму умдаи Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия ва қабул гаштанд, ки тибқи онҳо асосхои ташкилӣ ва маблағгузории фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон, ягонагӣ дар муайян намудани моҳияти сиёсати давлат нисбат ба насли ҷавон, системаи амудии рохбарӣ, пешбурди сиёсати кадрӣ ва маблағгузории мақомоти кор бо ҷавонон, инчунин мақоми Кумита, чун мақомоти идораи давлатӣ ва ҳамоҳангсози байнисоҳавӣ оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, муқаррар гаштаанд. Ғайр аз ин, то охири соли 1997 чор идораҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе, кариб 60 шӯъбаҳои шаҳрию ноҳиявии кор бо ҷавонон таъсис дода шуда буданд. Ба даст овардани чунин нишондодҳо дар ду марҳилаҳои пешинаи ташаккулёбии Кумита муяссар нагашта буданд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки охири соли 1997 даври ташкилёбии сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон бомуваффақият анҷом ёфт. Ин марҳила хело вазнину мушкил ва тулонӣ (7 сол) гузашт, хусусияти рушди он инъикоси вазъияти дар ҷомеа ҷойдошта буд.

Марҳилаи дуюми ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон аввалҳои соли 1998 оғоз ёфт. Кумита дар тули чор соли фаъолият фазои сиёсати давлатиро нисбати ҷавонон ба куллй тағйир дод. Дар ин давра дар раванди таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон, таҳияи механизмҳои татбиқи қонуни асосии ҷавонони ҷумҳурӣ, дастгирии ҷавонони боистеъдод ва ташаккули хадамоти иҷтимоӣ барои ҷавонон ва ё дар умум натиҷаҳои муҳиму самарабахш дар ҷараёни инкишофи сиёсати ҷавонон ба даст омаданд.

Бо дарназардошти тақозои ҷомеаи муосир ва ислоҳоти идораи давлатӣ Кумитаи мазкур тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №609 ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд ва баъди 11 соли фаъолияти пурсамар тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №257 дар “Соли ҷавонон” ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйири ном намуда, фаъолиятро дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш ба роҳ мондааст.

Ҷавонон

27.03.2020 Иштирок дар фестивали “Атлас ва адраси тоҷик-2020” дар Қасри Арбоб

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб дар фестивали “Атлас ва адраси тоҷик-2020”, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар саҳни Қасри Арбоб пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи духтарони тоҷик бо либосҳои хуштарҳу зебо бо самимияти афзун истиқбол гирифтанд. Барномаи фестивали вилоятии “Атлас ва адраси тоҷик-2020” бо намоиши маҳсули дасти ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз гардид. Дар намоишгоҳ, ки басо ҷолибу назаррабо оро ёфта буд, намунаҳои зиёди ҳунарҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас, сӯзанӣ, гулдӯзӣ, матои дастбоф, либосҳои миллӣ, читгарию суфгарӣ, қолинҳои дастбоф, ҷомаю тоқидӯзӣ, наққошӣ, кундалсозӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оҳангарӣ ва ғайра ҳунари […]

27.03.2020 Суханронӣ ба муносибати ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен

Устодони муҳтарам, падару модарон ва фарзандони азиз! Пеш аз ҳама, шумо – ширкаткунандагони ҷамъомади имрӯза, кормандони соҳаи маориф ва кулли сокинони ноҳияи Спитаменро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки муътабартарин ойини ниёгони мо ва беҳтарин маҳсули тафаккури  бузургони тамаддунсозамон мебошад, самимона табрик мегӯям. Ҷашни Наврӯз бо вуҷуди ойини куҳанбунёд буданаш, суннати ҳамешаҷавон аст ва дар сиёсати фарҳангии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон рукни муҳимми худшиносии миллӣ, василаи  таҳкими пайванди  наслҳо,  иртиботи гузашта бо имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии шоиста мебошад. Ба ҳукми анъана даромадааст, ки мардуми мо ҳамасола ба истиқболи ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ хонаву кошона ва маҳалли зисти худро тозаву озода карда, бо нияти […]

27.03.2020 Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба истифодадиҳии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 ба деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен ташриф оварданд. Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ дар заминаи таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли наврасу ҷавони мамлакат, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст. Мактаб аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, […]

27.03.2020 Ба истифода додани маркази хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд ва тақдими тӯҳфа ба 100 нафар ятимони вилояти Суғд

24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд Маркази хизматрасонии “Мавҷ”-ро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур аз 5 ошёна иборат буда, дар он толори бозии кӯдакон, маркази савдо ва меҳмонхона пешбинӣ гардидааст. Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ ятимон ва маъюбони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқот намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуданд. Сарвари давлат дар ибтидо наврасону ҷавононро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гаштаанд, ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳният гуфта, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ободу зебо […]

27.03.2020 Машварати корӣ

23 март дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсоли орд, равған ва таҳвилкунандагони маҳсулоти ғаллагӣ машварати корӣ доир карданд. Дар кори машварат масъалаҳои вобаста бо татбиқи босифату саривақтии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  барномаҳои давлатӣ ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030, ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии кишвар – ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсол, харид, захира, воридоту содироти маҳсулоти хурокворӣ, аз ҷумла, маводи ниёзи аввал, орд, равған ва сабзавот, таҳлили вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат […]

Варзиш

31.03.2020 МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ШИНОВАРӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ.

Бо мақсади тарғибу ташфиқи тарзи ҳаёти солим ва намуди варзиши шиноварӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ байни наврасон (писарон ва духтарон) доир намуд. Мусобиқаи мазкур санаи 27 – 29 марти соли 2020 байни наврасони солҳои таваллуди 2006 ва хурд бо иштироки зиёда аз 80 варзишгар дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гардид. Дар мусобиқа варзишгарони минтақаҳо, ки дар марҳилаи интихобии дуюми мусобиқа байни наврасони соли таваллуди соли 2006 ва хурд дар сатҳи минтақа, вилоят ва […]

31.03.2020 МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД ВАРЗИШИ САБУК БАЙНИ ҶАВОНОНИ СОЛИ ТАВАЛЛУДИ 2001 – 2002.

Бо мақсати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим , ҷалб намудани ҷавонон ба намуди варзиши сабук, баланд бардоштани  маҳорати варзишии варзишгарон ва муайан намудани узви дастаи мутахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук байни ҷавонон солҳои таваллуди 2001-2002 доир менамояд. Мусобиқаи маскур аз санаи 31 март то 1 прели соли 2020 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгароне, ки дар марҳилаи дуюм интихобии мусобиқа дар сатҳи минтақа, вилоят ва шаҳри Душанде ғолиб гардидаанд, ба роҳ монда мешавад. Дастаҳои иштирокчӣ:  Ҳайати даста аз 18 нафар варзишгар, 1 мураббӣ ва 1 довар, ҷамъи умуми  20 нафар  Дастаҳои […]

27.03.2020 Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен.

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба истифодадиҳии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 ба деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен ташриф оварданд. Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ дар заминаи таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли наврасу ҷавони мамлакат, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст. Мактаб аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, […]

27.03.2020 Ифтитоҳи маркази ташхисӣ-табобатии «Дармонгоҳи Хуҷанд» дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд.

24.03.2020 08:55, шаҳри Хуҷанд Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд маркази ташхисӣ-табобатии «Дармонгоҳи Хуҷанд»-ро расман ифтитоҳ намуданд. Маркази ташхисӣ-табобатӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Хайрӣ Ваҳҳобова дар асоси лоиҳаи меъёрии соҳаи тандурустӣ, дар масоҳати наздики 250 метри мураббаъ, иборат аз 4 ошёна бо таҳхона бунёд гардидааст. Дар марказ шароити замонавии ташхису табобат ва хизматрасонии тиббӣ фароҳам оварда шудааст. Дар маркази ташхисӣ-табобатии«Дармонгоҳи Хуҷанд» намудҳои зиёди ташхис, муолиҷа ва хизматрасониҳои тиббӣ-санитарӣ пешбинӣ гардидаанд. Дар муассиса ташхису табобати касалиҳои дарунӣ, урологӣ, системаи асаб, гӯшу гулӯю бинӣ, чашм, амрози занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба роҳ монда шудааст. Сарвари […]

27.03.2020 Ифтитоҳи маркази хизматрасонии “Азизи дил” ва иштирок дар чорабинии идонаи наврӯзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази нави хизматрасонии “Азизи дил”-ро ифтитоҳ карда, дар саҳни ҳавлии он дар чорабинии идонаи наврӯзии сокинони ноҳия иштирок карданд. Маркази нави хизматрасонии маишӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, сокини ватандӯсти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Даврон Азизов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкории хурду миёна бунёд гардид. Иншооти мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дар як баст ба 150 – 200 нафар мизоҷ хизмат мерасонад. Дар назди марказ таваққуфгоҳ барои 20 нақлиёти сабукрав сохта шудааст. Дар саҳни ҳавлии маркази […]

Данная рубрика не содержит информаций