734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Нақши ҷавонон дар рушд ва устувории сиёсати пешгирифати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

DSCN0597-300x225

Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию худшиносӣ, расидан ба арзишҳои миллӣ, ва расонидани хабар оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дар байни ҷомеа, алалхусус ҷавонон, дар доираи Лоиҳаи «Нақши ҷавонон дар рушд ва устувории сиёсати пешгирифати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳи 2013 -2015 дастгирӣ ёфтааст, аз 5 то 8 феврали соли 2016 дар ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузории мулоқотҳо ба нақша гирифта шуданд.

Барои дар сатҳи баланд доир намудани мулоқотҳо гурӯҳи корӣ аз ҳисоби вакилони аз Кумитаи оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намоянда аз  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъсис дода шудааст.DSCN0562-300x225

Санаи 5 феврал нахустин мулоқот дар ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки васеи аҳоли аз ҷумла ҷавонон баргузор карда шуд, ки дар ин мулоқот беш аз 250 нафар иштирок намуданд.

Вакилон атрофи вазъи сиёсии дигар давлатҳо ва таъсири бевоситаи он ба тафаккури ҷомеаи мо ва омилҳои пешгирии онро возеҳу равшан ба иштирокчиён баён намуданд. Илова бар ин, қайд намуданд, ки унвони Пешвои миллатро ба Президенти маҳбуби халқи Тоҷикистон мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеа солҳое, ки сина сипар намуданду миллату давлатро аз нобудшавӣ раҳонида буданд гирифта буд. Аммо имрӯз онро бо таклифу пешниҳоди мардум Парлумон ба расмият даровард.
DSCN0574-300x225Дар партави суханҳояшон Вакилон оид ба татбиқ ва дастовардҳои се ҳадафи стратегии Тоҷикистон: Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба иштирокчиён маълумот дода, саҳми ҷавононро дар ин ҷода баланд арзёбӣ намуданд.

Илова ба суханрониҳои Вакилон Раиси ноҳияи Шаҳритуз ибрози ақида намуданд, ки баҳри расидан ба ин ҳадафҳои бузуг мо дар якҷоягӣ бо аҳли ҷомеа алалхусус ҷавонони меҳнатд
DSCN0593-300x225ӯсти ин диёр тамоми қувваро равона сохта ба ин рӯзҳо расидем.

Яке аз стипендияти Президентӣ қайд намуд, ки маҳз хизматҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба мо ҷавонон тамоми имкониятҳо барои соҳибилму соҳибмаърифат шудан шароит муҳаё гардидааст ва мо ҷавонон бо чунин имкониятҳои фароҳамнамудаи Пешвои миллат ваъда медиҳем, ки бо баҳои хубу аъло хонда саҳми худро минбаъд дар ободии давлати соҳибистиқлоламон хоҳем гузошт.

Субҳи 6 феврал дар мулоқоти навбатӣ дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар бо собиқадорони меҳнат ва ҷавонони фаъол зиёда аз  350 нафарро дар бар мегирифт, доир карда шуд.
DSCN0629-300x225Дар баргузории мулоқот гурӯҳи кории сафарбаргардидаро ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва муовини Раиси ноҳияи Бохтар ҳамроҳӣ намуда бо истифода аз фазои муносиб суханронӣ намуданд.

Суханрониҳо атрофи дастовард ва таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯз, аз қабили таъсири ақидаҳои бегона ба тафаккури ҷавонони даврони соҳибистиқлол аз нуқтаи назари илмӣ асоснок бо мисолҳо оварда шуданд. Иштирокчиён аз ташриф овардани гурӯҳи корӣ минатдорӣ намуда, яке аз иштирокчиён, ки ҳамчун собиқадори меҳнат ба ҳисоб мерафт, баҳри ба камол расонидани ҷавонони бо илму маърифат ва ватандӯсту ғаюр дар паҳлӯи масъулин то охирон лаҳза рост истода хизмат намуданро талқин намуданд.

Идомаи мулоқот худи ҳамон рӯз соати 1400 дар Кохи Ватани шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки васеи ҷавонон, устодон ва намояндагони васоити ахбори омма доир карда шуд.

Вакилон дар суханроняиҳояшон иқтибос аз Паёми имсола оварда қайд намуданд, ки бо дарназардошти фароҳам гардидани
DSCN0642-300x225имкониятҳои васеъ имсол музди маоши кормандон зиёд мегардад ва ин иқдом ба сифати таълиму тарбия ва дигар хизматрасониҳо таъсири мусбӣ хоҳад расонид.

Вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” гуфта шуд, ки фаъолияти волонтёрӣ фаъолияте мебошад, ки дар шакли кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии Давлат ва ҷомеа роҳандозӣ гардида, ба ин васила таъмини иштироки ҷавононро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъмин менамояд.
DSCN0704-300x225Дар фарҷоми мулоқот ҷавонони фаъоли шаҳри Қӯрғонтеппа аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғамхориҳо ва дастгириҳои ҳамаҷонибаашон дар ҳаёти ҳамарӯзаи ҷавонон баён намуда аз лаҳзаҳои Лагери ҷумҳуриявии “Мактаби омӯзишии ҷавонони фаъол”, ки барои гирандагони стипендияи Президентӣ ташкил ва баргузор гардида буд, ёдовар шуданд ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию башарӣ даъват намуданд.

Баргузории чунин мулоқотҳо минбаъд бо ҷавонони н. Ёвон ва ш. Норак 8 феврал дар назар аст.


07.02.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.