734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ

5 феврали соли равон мулоқоти Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо донишҷӯёну устодон ва ҷавонони фаъоли Донишгоҳи аграрииТоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур доир гардид. Мулоқот дар доираи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  сурат гирифта, дар он роҷеъ ба нуктаҳои он гуфтугу карда шуд.

Аҳтам Абдуллозода дар ин вохӯрӣ вобаста ба муҳимияти Паём ва нақши он дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат маърӯза карда, изҳор дошт, ки он сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои як соли оянда муайян менамояд. Гуфта шуд, ки дар Паёми имсолаи Президенти кишвар ба масъалаи ҳаёти ҷавонон дахл карда шуд, ки ин масъулияти ҷавононро барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвар бештар месозад.

Дар доираи ин вохӯрӣ Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба масъалаи мушкилоти ҷавонон таваҷҷуҳ карда, изҳор дошт, ки “имрӯз ҳаёти ҷавонӣ моро водор месозад, ки сари мушкилоти ҷомеа андеша ронем.” Дар идома аз ҷинояткории баъзе аз ҷавонон ва ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ пайвасти онҳо ёдоварӣ шуда, таъкид гардид, ки рисолати асосии ҷавонон хондан ва таҳсил кардан аст.

Гуфта шуд, ки ҷавонон имрӯз бояд бештар ба баланд бардоштани савияи дониши худ машғул гардида, вақтро самаранок истифода намоянд. Зеро ба таъкиди Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ танҳо ҷавонони донишманд метавонанд дар яонда соҳибкасби асил ва мутахассиси соҳа гарданд.

Дар вохӯрӣ инчунин Баҳрулло Саидов сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғони шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баромад намуда, дар фарҷом миёни иштирокчиён суолу ҷавоб сурат гирифт.


06.02.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.