734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҷавонон – муҳофизони боэътимоди Ватан

12670129_1751071348446417_3227180375314481364_n-150x150Санаи 2 феврал вохӯрии гуруҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мулоқот бо сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии 01123 – и Қушунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2848 – и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Зимни суҳбат бо сарбозон аз дастовардҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгириҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, ҷавононро ба хизмати содиқонаву софдилона даъват намуданд. Ҳамзамон мавриди суханрониҳо аҳамияти таъмини амнияти кишвар, сулҳу субот, осудаҳолии мардуми кишвар ва воқиф будан аз таззодҳои ҷомеаи муосир, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст, ибрози андеша намуда, сарбозонро ба ҳушёрии сиёсӣ ва эмин нигоҳ доштани дастовардҳои даврони истиқлолият даъват намуданд. Зимни мулоқот сарбозон ваъда доданд, ки бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандӣ ба Ватани азизамон содиқона хизмат менамоянд. Дар фарҷом ба сарбозон туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, инчунин китобҳои дорои хусусияти ватандӯстидошта супорида шуданд.


03.02.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.