734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Гуруҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ВМКБ

11140067_1750609865159232_3852193542975298862_n-300x224

31 январи соли равон гурӯҳи калони кории Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳї ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон сафарбар гардиданд.

Масъулин вохӯриҳои худро аз ноҳияи Дарвоз оғоз намуда, нахуст бо сарбозони қисмҳои ҳарбии 23441 Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2711 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот карданд.

Зимни вохӯрӣ бо сарбозон Ҳабибулло Амирбекзода муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ оид ба муҳтавои Паём суханронӣ намуданд. Аз ҷумла изҳор гардид, ки Президенти мамлакат дар паёми имсолаи худ таъкид доштанд:“Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар – В12651054_1750704488483103_2879646119397877220_n-300x200атани худ содиқона хизмат мекунанд.”

Ҳабибулло Амирбекзода дар идома афсарону сарбозонро ба дӯст доштани Ватан, эмин нигоҳ доштани сарҳади давлатӣ, содиқона хизмат намудан ба Ватан – модар даъват намуда, ба як гуруҳи онҳо туҳфаҳои хотиравӣ ва китобҳои тозанашр тақдим намуданд.

Ҳамзамон, дар доираи ин сафар гуруҳи корӣ бо доираи васеи наврасону ҷавонони ноҳия вохӯрӣ анҷом дода, вобаста ба сиёсати давлатии ҷавонон, рушди имконоти онҳо, дастгириҳои иҷтимоии ҷавонон дар замони соҳибистиқлолии кишвар маърӯза намуданд.
Масъулин зимни баромад аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар гардиданд.

Вохӯрии гуруҳи корӣ дар дигар шаҳру навоҳии ВМКБ идома дорад.

 


02.02.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.