Ҳозирин перомуни муҳимияти таҳкими робитаҳои дӯстона, ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи комил ва муқаддас доштани арзишҳои миллӣ ибрози андеша карданд.

Дар маҳфил Азиза Дурманчева, намояндаи Мурғоб, Нуқра Шералиева аз ноҳияи Рӯшон ва Масрур Ғайратов аз Ванҷ дар мавзуъҳои “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, “Ҷавонон ва даврони Истиқлолияту Ваҳдат” ва “Ҷавонон ва Ваҳдати миллӣ” маърӯза намуданд.

Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”