734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


РӮДАКӢ: Баргузории чорабиниҳо бахшида ба “Соли ҷавонон”

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ 22 август бахшида ба “Соли ҷавонон” силсилачорабиниҳои илмӣ-оммавӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.

Субҳи 22 август дар Қасри фарҳанги ноҳия ба номи Кароматуллоҳи Қурбон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҷавонони фаъол, гирандагони стипендияи президентӣ ва стипендияи раиси ноҳия, гурӯҳи волонтёрони Кумита ва Бахш, бонувони фаъол ва собиқадорони меҳнат иштирок доштанд.

Зимни баргузории чорабинӣ Дилноза Аҳмадзода андешаҳои худро перомуни эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” ва қадршиносии ин сол аз тарафи насли ояндасози кишвар чунин иброз намуд: “Эълон гардидани “Соли ҷавонон” нишони таваҷҷуҳи дучанди Пешвои муаззами миллат ба ин қишри бунёдкору ояндасоз, дорандагони нерӯи бузурги зеҳнӣ ва пуриқтидору таккондиҳандаи ҷомеа мебошад. Ба ҳамин хотир Пешвои миллат зимни тамоми мулоқоту суханрониҳояшон таъкидан иброз медоранд, ки ҷавонон бояд ба таври ҳамешагӣ ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Зеро як лаҳза фориғ будану беэътиноӣ кардан нисбат ба масъалаҳои мубрами рӯз ба сари миллат офатҳои басо даҳшатноку ногуворро хоҳад овард”.

Дилноза Аҳмадзода ҳамчунин дар давоми суханрониаш аз беэътиноӣ кардан нисбат ба фарҳанги миллӣ ва рӯ овардан ба одатҳои ғайр изҳори норозигӣ карда афзуд, ки “Агар як миллатро аз байн бурдану кишварро сарнагун кардан хоҳанд, аввал ба фарҳанг ва сипас ба забони он таҳдид мекунанд. Баъзе аз мо низ бинобар надоштани маърифати казоӣ ва дуруст дарк накардани моҳияти ҳуқуқбунёдӣ ва демократии давлат рӯ ба бар намудани либосҳое, ки ба фарҳангу миллати тоҷик хос нестанд, оварда истодаанд. Аз ҳамин хотир, аз ҳамаи ҷавонони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки бар зидди ин зуҳурот якдилона мубориза барем”.

Дар идомаи чорабинӣ сармуҳаррири рӯзномаи “Насими айём” Зайниддин Арбобов бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии малакат ва боварии эшон ба насли ҷавону наврас ба роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш изҳори сипос намуда, бо истифода аз фурсат барои тарбияи насли наврас як чанд хотираи даврони ҷанги шаҳрвандиро ба ҷавонон қисса кард. Ӯ гуфт: “Солҳое буданд, ки мардум ба як бурда нон зор буданду барои ёфтанаш душворӣ мекашиданд”.

Дар фароварди чорабинӣ миёни аҳли нишаст ва сокинони ноҳия суолу ҷавобҳо ба миён омад.

Нимаи дуюми рӯз аз ҷониби волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таҳти унвони “Рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари омузишӣ доир карда шуд.

Дар кори семинар масъулин доир ба рушди ин самт ва тарғибу ташвиқи кори волонтёрӣ миёни ҷавонону толибилмони макотиби миёнаву олии мамлакат якчанд андешаву мулоҳизаҳои хешро баён доштанд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки волонтёрӣ касби басо пуршарафу пурифитихор аст ва ҷавонони фаъол бояд ба таври ҳамешагӣ домангири ин касб бошанд. Зеро ҳангоми фаъолияти волонтёрӣ ҷавон аз лиҳози маънивию сиёсӣ пухта мегардад ва дар ҳолати гузаштан аз ин мактаб барои иҷрои корҳои муҳими давлатӣ мутахассис хоҳанд шуд.

Дар давоми ҳамин рӯз инчунин аксияҳои мухталиф аз ҷониби волонтёрон дар кӯчаву гулгаштҳои марказии ноҳия идома кард.

Шоми ҳамин рӯз дар саҳни майдони Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки мутрибону сарояндагони машҳури кишвар таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” базми идона баргузор карда шуд, ки ба муттаҳидии ҷавонони маҳал саҳм хоҳад гузошт.

Хуршед ХОВАРӢ “ҶТ”







23.08.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.