734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ПАНҶ: Корҳои ободонӣ вусъат меёбад

Ба мақсади ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи диёр ва таҷлили бо шукӯҳии 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Панҷ 15 август дар маркази ноҳия бо иштироки беш аз 500 нафар ҷавонон ва сокинони ноҳия ҳашари ободонӣ гузаронида шуд. 

Дар он сокинони тамоми ҷамоатҳо иштирок намуда, дохили боғ, роҳраву гулгаштҳо, паҳлӯи роҳрави боғҳоро аз партов ва алафҳои бегона тоза карданд.

Алафҳои бегонаи аз роҳравҳо тоза кардашуда ва партовҳо аз ҷониби Муассисаи манзилию коммуналии ноҳия бароварда шуданд.

Дар ин ҳашар сокинони ноҳия муташаккилона иштирок намуда, саҳми хешро дар ободонии ин гӯшаи ноҳия гузоштанд.

Дар назар аст, ки чунин ҳашарҳо дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ ташкил ва баргузор мегарданд.

Умед МИРЗОЕВ, “ҶТ”


16.08.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.