734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ФИРДАВСӢ: Рӯзи варзишгарон ва Рӯзи байналмилалии ҷавонон таҷлил шуд

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон ва Рӯзи варзишгарон бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳамкорӣ бо қисмҳои ҳарбии ноҳия, 9-10 август дар қисми ҳарбии 0123-и Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ мусобиқаи варзишӣ миёни қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия баргузор гардид.

Масъулин зимни ифтитоҳи чорабинӣ иштирокчиёнро бо Рӯзи байналмилалии ҷавонон ва Рӯзи варзишгарон табрик намуда, аз афсарону сарбозон даъват карда шуд, к ибо ҳисси баланди милливу Ватандӯтӣ ба халқу меҳан адои хизмат намоянд.

Дар мусобиқаи мазкур сарбозон аз рӯи 4 намуди варзиш – футбол, волейбол, шоҳмот ва вазнбардорӣ ҳунарнамоӣ намуда, инчунин, озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Ба ҳимояи Ватани маҳбубамон омодаем” миёни афсарону сарбозон гузаронида шуд.

Тавре Шукрулло Наботов, корманди Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ гуфт, мақсад аз баргузории чорабинии мазкур таҳкими дӯстиву рафоқат ва баланд бардоштани малакаи варзишӣ миёни ҳомиёни шуҷои Ватан мебошад.

Ба ғолибони мусобиқа аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуда, дар охир баҳри болидарӯҳии сарбозону афсарон аз ҷониби ансамбли “Марзбон”-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардид.

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”





16.08.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.