734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ДӮСТӢ: Суҳбату вохӯриҳо бо сокинон

Беш аз 50 нафар ҷавонон ва ихтиёриёни фаъоли нази Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва ноҳияи Дӯстӣ барои тарғиби моҳияти қонунҳои кишвар, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, дар ҷамоату деҳотҳои ноҳия бо усули “Хона ба хона” бо сокинон суҳбат намуданд.

Мақсад аз ташкил намудани усули “Хона ба хона” ин фаҳмондани моҳияти қонунҳои амалкунанда ва ҷалби ҷавонон барои саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ арзёбӣ гардид.

Ҷавонон бештар оид ба эълон гаштани “Соли ҷавонон”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, ҳифзи сару либоси миллӣ, дар бораи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар мавзуҳои мубрами рӯз суҳбат намуданд.

Дар рафти суҳбатҳо сокинон аз дастгириҳои Ҳукумати кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда доданд, ки дар ободонии кӯча, ҷамоат ва ноҳияи худ саҳм мегузоранд.

Ин суҳбатҳо бо усули “Хона ба хона” аз ҷониби ҷавонон дар дигар шаҳру навоҳии вилоят бо маром идома дорад.

Умед МИРЗОЕВ, “ҶТ”



16.08.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.