734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ХАТЛОН: Баргузории силсилачорабиниҳо бахшида ба “Соли ҷавонон”

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба муносибати “Соли ҷавонон” таҳти унвони “Ҷавонон нерӯи созандаи давлатанд” ҳамоиш баргузор гардид.

Аз аввали субҳ намояндагони ҳамаи муассисаю ташкилот, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҷавонони ноҳия дар даст шиору навиштаҷоти ватандӯстонаю меҳанпарастона аз маркази ҷамоати деҳоти “Заргар” ба роҳпаймоӣ оғоз намуда, бо чеҳраи шукуфон ва дилпур аз ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷониби варзишгоҳи ҷамоат раҳсипор шуданд.

Ҷавонон баъди раҳпаймоӣ дар варзишгоҳ ҳамоиши бузурге доир намуда, сипас, барномаи театрикунонидашудаи ҷавонон ва ҳунармандони қасри фарҳанги ноҳия пешкаши тамошобинон гардид.

Дилафрӯз Маҳмадалиева, муовини раиси ноҳия зимни суханрониаш гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди босуботи ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёиву иқтисодии мамлакат соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон карданд. Аз ин хотир, ҷавонони моро мебояд ба қадри ин ин давлату меҳан расанд ва ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд.

“Бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошем, – афзуд зимни суханронии худ мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Парвиз Азимов. – Таваҷҷуҳи ҷиддии Роҳбари давлат ба ҷавонон беҳикмат набуда, дар ҳама давру замон ва дар ҳама ҷомеа ҷавонон нерӯи созандаву бунёдкор ба шумор мерафтанду мераванд”.

Баъди ҳамоиш бо иштироки беш аз 1500 нафар ҷавонон, волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва ноҳия усули “Хона ба хона” ташкил намуда, ҷавонон бо сокинони ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳия суҳбату вохӯрӣ гузарониданд.

Тавре, аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят хабар доданд, чунин ҳамоишҳо, аксияҳо чорабиниҳои варзишӣ, усули “Хона ба хона” ва дигар чорабиниҳои хотирмон бо иштироки васеи ҷавонон барои дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ пешвоз гирифтани “Соли ҷавон” дар ноҳияҳои Вахш, Дӯстӣ, Панҷ ва Ҷайҳун низ гузаронида шуда истодааст.

Умед МИРЗОЕВ, “ҶТ”




16.08.2017 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.