734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ТО ЛАҲЗАЕ, КИ ВАРЗИШ ВУҶУД ДОРАД, НАЗОРАТИ ДОПИНГ НИЗ ВУҶУД ДОРАД

Допинг – ин номро шояд Шумо дар доираи гурӯҳи варзишгарон ва тариқи васоити ахбори омма (ВАО) зиёд шунидаед. Он маълумотҳое, ки Шумо дар бораи маводи барангезандаю нерӯафзо (допинг) доред шояд дуруст бошад, вале муҳим донистани далелҳо аст.

Қабл аз кушоду равшан намудани мавзӯи мазкур мехостем оиди соҳаи варзиш ва маводи барангезандаю нерӯафзо (допинг) маълумот манзур намоем:

Варзиш – як рукни тарбияи ҷисмонӣ буда, дар шакли таҷрибаи он омодагии инсон ба мусобиқот ва фаъолияти мусобиқавӣ ба даст овардани натиҷаҳои варзишиӣ ташаккул ёфтааст.

Допинг – аз калимаи англисӣ (dope) гирифта шуда, маънояш истифодаи маводи мухаддир, барои муваққатан нигоҳ доштани нерӯи ҷисмонӣ ва равонӣ истифода шуда, мебошад.

Тавре  маълум аст, варзиш василаи беҳтарини муаррифи намудани миллат маҳсуб меёбад. Лозим ба ёдоварист, ки соҳаи варзиш новобаста аз таззодҳои ҷаҳони муосир ва бархурди тамаддунҳо ҳамоно ба самти пеш ба ҳамон самте, ки дар онҷо ҳақиқат ва солимӣ мавҷуд аст роҳсипор мебошад.

Соҳаи варзиш дар солҳои пеш аз мелод миёни оммаи мардуми сайёра маъруфият дошт ва намудҳои гуногуни варзиш дар замони муосир бо суръати баланд рушд ёфта, шумораи зиёди ҳаводорони худро пайдо намудаанд.

Дар робита ба гуфтаҳои боло мебояд қайд намуд, ки варзиш дар баробари муаррифгари давлату миллатҳо будан, инчунин воситаи беҳтарини ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими дӯстии миёни инсонҳо ба шумор меравад.

Дар ҷаҳони муосир номгӯи чорабиниҳои варзишӣ аз қобили Бозиҳои олимпии (тобистона), Бозиҳои олимпии (зимистона), Бозиҳои паралимпӣ, Бозиҳои олимпии (наврасон), Бозиҳои қитъавӣ ва амсоли ин гуна чорабиниҳои сатҳи баланди варзишӣ мавҷуд мебошад, ки дар онҳо варзишгарон барои ноил гардидан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ва тақвият ёфтани робитаи дӯстӣ ширкат меварзанд.

Қобили зикр аст, ки баргузории чорабиниҳои болозикр ба зиммаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ вогузор аст ва ин мақомоти сатҳи ҷаҳонӣ дар заминаи худ Федератсияҳои байналмилалӣ, Агентии умумиҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) ва амсоли ин гуна ташкилотҳоро барои рушди босуботи соҳаи варзиш дар ҷаҳон таъсис додааст. Мавриди зикр аст, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ истифодаи допингро проблемаи рақами 1-и соҳаи варзиш дар ҷаҳон этироф намудааст.

Барои мубориза бар зидди допинг Кумитаи байналмилалии олимпӣ зарур шуморид, ки Агентии мазкурро дар заминаи Кумита 10 ноябри соли 1999 дар шаҳри Лозинаи давлати Шветсария таъсис диҳад.

Агентии умумиҷаҳонии зидди допингӣ пас аз таъсисёбӣ бо мурури замон аз лиҳози молиявӣ мақоми худро мустаҳкам намуда, дар 5 қитъаи ҷаҳон намояндагиҳои худро таъсис дод.

Назорати допинг танҳо барои варзишгарони касбӣ аз ҷониби Агентии болозикр нигаронида шуда, назорати маводи барангезандаю нерӯафзо (допинг)-ро дар вақти мусобиқаҳо ва берун аз он ба роҳ мондааст, ки ин беҳтарин василаи мубориза бар зидди ноадолатӣ маҳсуб меёбад.

Агентии умумиҷаҳонии зидди допингӣ Кодекси байналмилалии зидди допингиро барои назорат ва манъи допинг дар варзиш ба роҳ мондааст. Боиси қайд аст, ки Кодекси мазкур аз ҷониби ҳаракати олимпӣ ва ташкилотҳои варзишии гуногуни ҷаҳонӣ қабул гардида, аз ҷониби зиёда 170 давлати ҷаҳон тавассути Конвенсияи байналмилалии ЮНЕСКО оиди мубориза бо маводи барангезандаю нерӯафзо дар варзиш эътироф шудааст. Моҳи июли соли 2004 Кодекси мазкур эътибори ҳуқуқӣ пайдо намуда, ду маротиба солҳои 2009 ва 2015 ба он тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.

Дар Кодекси мазкур оид ба рӯйхати маводҳо ва усулҳои маъншуда, меъёри озмоиш ва таҳқиқ, истифодаи терапевтӣ, ташхисгоҳҳо ва меъёр оиди ҳифзи ҳаёти шахсӣ маълумот дода шудааст. Ҳамзамон барои вайрон кардани қоидаҳои Кодекси мазкур як чанд муҷозотҳо пешбинӣ гардидааст.

Ба вайронкунии қоидаҳои зидди допингӣ дохил мешаванд:

  • Мавҷуд будани маводи маъншуда дар нишонаҳо аз намунаи варзишгар гирифташуда;
  • Истифода ё кӯшиши истифода шудани мавод ё усули маъншуда;
  • Саркашӣ, радкунӣ ё ҳозирнашудан ба маҳаллӣ намунагирӣ;
  • Вайронкунии тартиби пешниҳоди маълумот дар бораи маҳалли будубош;
  • Сохтакорӣ ё кӯшиши сохтакории ягон қисмати таркибии допинг-назорат;
  • Доштани мавод ё усули маъншуда;
  • Паҳнкунӣ ё кӯшиши паҳнкунии ҳама гуна мавод ё усули маъншуда;
  • Таъин кардан ё кӯшиши таъин кардани мавод ё усули маъншуда;
  • Ҳаммаслакӣ (кӯмак, ҳавасмандкунӣ, мусоидат, иғвогарӣ, пинҳонкунӣ, ё намуди дигари ҳаммаслакии мақсаднок, аз ҷумла вайронкунӣ ё кӯшиши вайронкунии қоидаҳои зидди допингӣ);

Вайронкунии қоидаҳои зидди допингӣ бо воситаҳои боэътимоди гуногун, аз ҷумла натиҷаҳои тадқиқотҳои ташхисгоҳ ва далелҳои дигар – ба ном далелҳои «ғайри таҳлилӣ» исбот шуда метавонад.

Намояндагони Агентии умумиҷаҳонии зидди допингӣ (WADA) дар ҳамаи чорабиниҳои сатҳи қоравӣ ва ҷаҳонӣ ҳузур доранд ва доираи варзишгаронеро, ки умуман аз назорати допинг нагузаштанд қабл аз оғози чорабинӣ аз назорати маводи барангезандаю нерӯафзо мегузаронанд. Тибқи Кодекси байналмилалии зидди допинги варзишгарони ҷоизадорро зарур аст, ки аз назорати допинг гузаранд. Дар мавриди насупоридани намунаҳо аз ҷониби варзишгарон, Агентии мазкур варзишгарро ҳамчун шахси истифодабарандаи допинг эътироф намуда, нисбати он таҳримҳои гуногун эълон менамояд. Барои мисол, барканор кардани варзишгар ба муҳлати муайян аз варзиши касбӣ.

Супоридани намунаҳо тибқи Кодекси байналмилалии зидди допингӣ талаботҳои худро дорад ва варзишгаронро зарур аст, ки оиди чӣ тавр супоридани намунаҳо барои назорати маводи барангезандаю нерӯафзо маълумоти зарурӣ дошта бошанд.

Зиёда аз ин дар хотир доштан зарур аст, ки шахсоне, ки ба паҳншавӣ ё истифодаи маводи барангезандаю нерӯафзо ва ё дигар воситаҳои маънгардида, дидаю дониста мусоидат менамоянд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар ин замина, масъулини Муассисаҳои тайёрии варзишӣ, Клубҳои варзишӣ, Федератсияҳои варзишӣ, мураббиён, сармураббиёни намудҳои варзиш ва инчунин худи варзишгаронро зарур аст, ки ҳамеша допингро рад намоянд ва бар зидди он мубориза баранд, зеро «То лаҳзае, ки допинг вуҷуд дорад, назорати допинг низ вуҷуд дорад».

СУҲРОБИ АКУБАРШО – Сармутахассиси Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҲҶТ


07.04.2020 Нет комментариев