734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ЛИЖАРОНӢ ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

На изображении может находиться: 8 человекБо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассостсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзишӣ дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2020 аз санаи 15 то 16 феврали соли 2020 дар базаи лижаронии “Сафед – Дара” мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронӣ байни наврасон (духтарон, писарон) доир гардид.

Дар ин мусобиқа 6 даста бо иштироки 68 нафар варзишгар аз рӯи барномаи слаломи махсус (хурд) ва слаломи гигант (калон) миёни ҳам рақобат намуда, беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар натиҷа аз рӯи слаломи махсус (хурд) миёни писарон байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2003 – 2004 мақомҳои ифтихориро касб намуданд:
Алиҷони Бобосанг;
Нажмиддини Рабӣ;
Насридинов Аъзам;

Дар ин рақобатҳо миёни бонувон байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2005 -2007 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд:
Раҳмияи Илҳомиддин;
Азизмоҳи Нуралӣ;
Ҳомидаи Аъзамхуҷа;

Солҳои таваллуди 2008-2010
Назарова Ҳафса;
Мардонзода Муродбегим;
Шарифзода Шукрона

Миёни писарони солҳои таваллудашон 2005 – 2006
Аминҷони Абдушукур;
Муроди Зарофиддин;
Оминов Саидамин;

Байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2007 – 2010
Маҳмадшарифзода Ёқубҷон Мирзоалӣ;
Носиров Довуд;
Алишери Фатҳулло;

Байни варзишгарони аз солҳои таваллудашон 2001-2002
Эшонов Саидшараф;
Анушервони Хуршед;
Додхудои Садриддин;

Байни варзишгарони аз солҳои таваллудашон 1998-2000
Сайфиддин Низомиддин;
Соҳибзода Қудратулло;
Нозиров Меҳрдод;

Аз рӯи слаломи гигант байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2003 -2004 (писарон) ғолиб дониста шуданд:
Миршарифи АБдусалом;
Комрони Файзалӣ;
Ҳабибзода Орифи Зафар;

Байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2005- 2006
Шаҳбози Алиакбар;
Носири Саидалӣ;
Саидаҳтами Имом;

Байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2007 – 2010
Алишери Фатҳулло;
Икромиддини Илҳомиддин;
Қудратзода Манучеҳр;

Байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2001-2002
Рофеъхони Абдураҳим;
Эшонов Саидашраф;
Додхудои Садриддин;

Байни варзишгарони солҳои таваллудашон 1998-2000
Сайфиддини Низомиддин;
Нозиров Меҳрдод;
Исмоилов Сунатулло;

Байни варзишгарони (духтарон) солҳои таваллудашон 2005-2007
Азизмоҳи Нуралӣ;
Зумрати Абдураҳим;
Қурбонзода Оиша;

Байни варзишгарони (духтарон) солҳои таваллудашон 2008-2010
Мардонзода Муродбегим;
Назарова Ҳафоа;
Қурбонзода Оиша;

Дар охир ба ғолибон диплом ва медалҳо аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистона варзишӣ тақдим карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олипии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои гуногуни варзиш инфрасохтори зарурӣ бунёд гардида, барои варзишгарону мураббиён шароити муосир маҳайё гардидааст.

Вобаста ба рушди намудҳои зимистонаи варзиш аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзишӣ барои рушди ин намудҳои варзиш шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ҷиҳати машқу тамринҳо ва омӯзиши паҳлуҳои ин намудҳои варзиш барои варзишгарону мураббиёни муассисаи давлатӣ бо тамоми шароити замони муосир ба роҳ монда шудааст.

Умед аст, ки дар оянда ин варзишгарон дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ шарафи миллати тоҷикро ҳимоя намуда, Парчами давлатии кишвари азизамонро дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ боло мебардоранд.

На изображении может находиться: 5 человек, люди стоят и люди на сцене

На изображении может находиться: 2 человека, люди стоят и борода

На изображении может находиться: один или несколько человек, люди стоят и борода

На изображении может находиться: 4 человека, люди стоят и обувь

На изображении может находиться: 4 человека, люди стоят, люди на сцене и обувь

На изображении может находиться: 4 человека, люди стоят, обувь и на улице

На изображении может находиться: 4 человека, люди стоят, обувь и на улице


18.02.2020 Нет комментариев