734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


АВВАЛИН МАРОСИМИ УНВОНДИҲИИ ВАРЗИШГАРОНИ ДАР СОЛИ 2020

Имрӯз 11 феврали соли 2020, дар толори Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими унвондиҳии варзишгарон доир карда шуд.

Дар ҷараёни маросим раиси Кумита аз осорхонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дидан намуда, сипас бо варзишгарони лаёқатманди кишвар суҳбату вохӯрӣ намуда, қайд намудаанд, ки имрӯзҳо аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, хосса аз лиҳози модию молиявӣ дастгирию ҳавасманд намудани варзишгарон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад. Чунончи дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015 таҳти рақами 328 “Дар бораи ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ 6 маротиба амрҳои Президенти кишвар қабул гардида, 180 нафар варзишгарони мамлакат дар умум ба маблағи 3 793 500 сомонӣ ҳавасманд гардонида шудаанд, ки аз ин миқдор танҳо дар соли 2019 42 нафар варзишгарони муваффақи кишвар бархурдор ва ба миқдори 911 250 сомонӣ ҳавасманд карда шудаанд.

Дар натиҷаи баргузор намудани 5 ҷаласаи комиссияи унвондиҳии Кумита дар соли 2019, 739 нафар бо унвони номзади устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 150 нафар бо унвони Устоди варзиш ва 39 нафар бо унвони Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ сарфароз гардонида шудааст. Инчунин, 13 нафар бо унвони фахрии мурабии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 17 бо унвони кормандаи шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2020 аввалин маротиба маросими расмии унвондиҳӣ баргузор гардид, ки дар он 53 нафар варзишгарону мураббиён ва собиқадорони соҳа бо унвонҳои варзишӣ сарфароз гардиданд, аз ҷумла 24 нафар унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 11 нафар унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ”, 1 нафар унвони “Устоди шоитаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 10 нафар унвони фахрии варзишии “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 7 нафар унвони фахрии варзишии “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.

На изображении может находиться: 1 человек, сидит, стол и в помещении

На изображении может находиться: 5 человек, люди стоят, толпа и на улице

На изображении может находиться: 3 человека, люди сидят и в помещении

На изображении может находиться: 7 человек, люди сидят, свадьба и в помещении

На изображении может находиться: 3 человека, люди стоят и костюм

На изображении может находиться: 3 человека, люди стоят, костюм и в помещении

На изображении может находиться: 3 человека, люди стоят и в помещении


11.02.2020 Нет комментариев