734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Муҳофизати Ватан қарзи фарзандии мост

Бахшида ба таъсисёбии 27 – умин солгариди Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақша чорабиниҳои мукаммал ба тасвиб расида, силсила мулоқоту вохӯриҳо, чорабиниҳои маърифатию фарҳагӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ таҳти унвони “Муҳофизати Ватан қарзи фарзандии мост” дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ доир карда мешаванд.

Тибқи нақшаи маҳкур аз ҷониби Кумита мулоқоту вохӯриҳо бо афсарону сарбозони қисмҳои низоми кишвар доир карда мешаванд.

Азҷумла дар шаҳри Душанбе мулоқоту вохӯриҳо дар қисмҳои низомии Гвардияи миллии Тоҷикистон, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон, қисмҳои низомии Вазорати мудофияи кишвар, Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврал то 20 феврали соли 2020 доир карда мешаванд.

Иқдоми мазкур дар шаҳру ноҳияи ВМКБ, Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи кишвар низ аз ҷониби сохторҳои маҳаллии кишвар низ роҳандозӣ карда мешавад.


30.01.2020 Нет комментариев