734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Пагоҳ ҷаласаи васеи мудирони шӯъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар доир мегардад

Пагоҳ дар маҷлисгоҳи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мудирони шӯъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар баргузор мегардад.
 
Дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар соли 2016 ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти кори шуъбаҳои муассиаҳои таҳсилоти олии кишвар ва татбқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ҳамоҳангсозии шӯъбаҳои мазкур ба уҳдаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, пайваста аз ҷониби Кумита дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созшномаи ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи фаъолият чорабиниҳои гуногунро доир менамоянд.
 
Зимни баргузории ҷаласаи мазкур натиҷаи фаъолияти шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар соли 2019 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, Нақша чорабиниҳо барои соли 2020 ба тасвиб расонида мешавад.
 
Ҳамзамон, дар доираи ҷаласаи мазкур масъалаҳои муҳими фаъолияти шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мавриди баррасии амиқ қарор дода мешавад.
 


30.01.2020 Нет комментариев