734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Шӯрои навбатии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” баргузор мегардад

Пагоҳ дар шаҳри Душанбе, соати 14:00 Шӯрои навбатии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” бо иштироки раиси Шӯро – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, аъзоёни Шӯро  – роҳбарияти вазорату идораҳои кишвар, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, ташкилотҳои системаи кор бо ҷавонон ва муовинонони ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе оид ба муносибатҳои байналмилалӣ баргузор мегардад.

Дар кори Шӯрои навбатии маҳфил натиҷаи фаъолияти кори маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” натиҷагирӣ карда шуда,   фаъолияти намояндагии маҳфил дар давлатҳои хориҷа мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар заминаи дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2014 инҷониб дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис дода шуда, намояндагии маҳфил дар беш аз 17 давлати дунё фаъолият дорад.


23.01.2020 Нет комментариев