734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Озмуни ҷумҳуриявӣ: Беҳтаринҳоро интизорем

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти беҳтарин маводҳои лирикии ватандӯстона ва маводҳои насрӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ашъор ва маводи насрӣ”- ро миёни ҷавонони касбу кори гуногун, адибону нависандагон ва навқаламони ҷавон эълон менамояд.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур дарёфти чеҳраҳои нав дар ҷодаи эҷодиёти ватандӯстона ва дастгирии ҷавонони эҷодкору навқалам мебошад.

Матнҳои пешниҳодгардида, бояд хусусияти ватандӯстона, гиромидошти арзишҳои миллию давлатӣ ва посдории фарҳангу таърихи ғании миллати  тоҷик бошанд ва фарогири масъалаҳои ватандӯстонаи ҷавонону наврасонро инъикос намоянд.  Қабули дархости довталабони озмун ба унвонии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 10 феврали соли 2020 муайян карда шудааст.

Дар баробари пешниҳоди матнҳо ба унвонии Кумита довталабон тибқи талаботи Низомномаи озмун шарҳи ҳол, ду адад сурати ¾ – ро низ ба унвонии Кумита пешниҳод намоянд.

Довталабон метавонанд  маводҳои худро тавассути почтаи электронии kjvs.1997@mail.ru низ ба унвонии Комиссияи озмун пешниҳод намоянд.

Телефонҳо барои тамос:2363726, 937172349, 2360117, 2367815


22.01.2020 Нет комментариев