734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир бахусус ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шарикони рушд санаи 14 феврали соли 2020, соати 9:00 дар толори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Форуми ҷумҳуриявиро дар мавзўи “Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир бахусус ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон” баргузор менамояд.

Форуми мазкур бо мақсади омӯзиши роҳҳои паст кардани шиддати ифротгароӣ миёни наврасону ҷавонон, мубориза бар зиди гуруҳҳои ҷудоиандоз, махсусан гуруҳҳои хусуссияти террористӣ ва экстремистидошта, пешгирии бемориҳои сироятӣ, рушди тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷавонон роҳандозӣ карда мешавад.

Дар Форуми мазкур кормандони сохторҳои низомӣ, кормандони Паракратураи генералӣ ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, намояндагони судияҳо аз минтақаҳои гуногуни кишвар, кормандони ҷавони вазорату идораҳо, олимон ва муҳаққиқон иштирок ва бо маърузаҳои илмӣ баромад менамоянд.

Кори Форум дар ду бахш идома намуда, дар қимати аввал суханрониҳои ифтитоҳӣ ва масъалагузории умумӣ баррасӣ карда шуда, дар қисмати дуюм кори Форум дар бахшҳо идома меёбад. Бахшҳои Форум:

 Роҳ ва усулҳои муосири пешгирӣ аз таҳдидҳои замони муосир бахусус терроризм ва экстремизм миёни ҷавонон;
 Ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят миёни ҷавонон: сабабҳо ва роҳҳои пешгирӣ;
 Таҳкими тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон: роҳҳои муосири мубориза аз гирифторӣ ба ВНМО;
 Муҳоҷирати меҳнатӣ миёни ҷавонон: ҷанбаҳои мусбӣ ва манфӣ;
 Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо таҳдидҳои замони муосир;
 Истифодаи самараноки ТИК омили пешрафт ва суботи ҷомеа;
 Оммавияти варзиш роҳ ба суйи муваффақиятҳои олимпӣ ва таъмини солимии ҷомеа.

Дар анҷоми кори Форум аз натиҷаи бахшҳои он қатънома қабул карда мешавад.

 


21.01.2020 Нет комментариев