734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


То ҷашни Наврӯз дар Душанбе Маҷмааи универсалии варзишӣ мавриди истифода қарор мегирад

Дар арафаи  Иди  байналмилалии  Наврӯз — 2020  дар шаҳри Душанбе Маҷмааи универсалии варзишӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, ки он  мутобиқ ба талаботи стандартҳои бозиҳои олимпӣ  сохта шудааст. Маҷмааи варзишӣ  аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар майдони 10 гектар  дар кӯчаи Карамови ноҳияи  Исмоили Сомонии пойтахт, дар рӯ ба рӯи  Боғи фарҳангу фароғатии ба номи «Умари Хайём», байни нишебӣ ва теппаҳои Лучоб ва дарёи Душанбе бунёд гардидааст. Баъди  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани  маҷмааи мазкур   беш аз 600 нафар  бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Айни  замон корҳои сохтмонии  маҷмааи варзишӣ пурра ба  итмом  расида, васлу насби таҷҳизоти он дар арафаи анҷом қарор дорад.

 Тавре  зимни суҳбат сармуҳандиси Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Шарифхон Сафаров ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод,   Маҷмааи бузурги универсалии варзишии пойтахт аз  3 то 5 ошёна иборат буда, тибқи лоиҳа  толорҳову  майдонҳои гуногуни варзишии он барои аз 150 то 3000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудаанд.  Иншоот аз  қасрҳои варзишии болопӯшидаву  нимпӯшида, майдону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузург барои шиноварӣ, инчунин дигар намудҳои варзиши обӣ иборат буда, барои гузаронидани мусобиқаҳои байналмилалӣ бо навтарин стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст.

Ба гуфтаи Ш.Сафаров,  ба корҳои сохтмонии ин  Маҷмааи универсалии варзишӣ 18 ширкати пудратчӣ ва 350 нафар мутахассиси хориҷиву ватанӣ ҷалб гардидаанд. Ин маҷмаа дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишӣ буда,  ҳар кадоме  аз 150 то 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад. Аз ҷумла, ҳар як  майдони омӯзиши теннис дорои  150 ҷойи нишаст мебошад.  Қасри теннис дорои  3 ҳазор ҷойи нишаст буда,  таваққуфгоҳи зеризаминии он  имкони   ғунҷоиши  250  мошинро дорад.

«Қасри калони варзиши обии ин маҷмаа  дорои 2 ҳазор ҷойи нишаст буда, фаъолияти низомҳои ҳавокашу зиддисӯхторӣ, шабакаҳои камшиддат, хатҳои муҳандисӣ ва дигар корҳои он  бо  истифода аз технологияҳои замонавӣ  ба роҳ  монда шудаанд. Бояд гуфт, ки масоҳати умумии ин қаср зиёда аз 21 ҳазору 500 метри мураббаъро ташкил медиҳад»,-афзуд номбурда.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Қасри намудҳои варзиши обӣ барои 5 намуди варзиши обӣ, аз қабили шиноварӣ ба  масофаи дароз, ба масофаи кӯтоҳ, полои обӣ, шиноварии синхронӣ ва ҷаҳиш ба об пешбинӣ гардидааст, ки он низ ба тамоми талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад.

Майдону майдончаҳои теннис ва ҳавзҳои аз рӯйи масоҳат ва чуқурӣ гуногуни ин маҷмаа ҳам барои омӯзиши ин ҳунарҳо ба хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои маҳаллию байналмилалӣ, аз ҷумла, барои бозиҳои олимпӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ин маҷмаа аз кӯдакони ҳафтсола то пиронсолон метавонанд бо тамрин машғул шаванд, зеро дар ин ҷо ҳавзҳои аз чуқуриашон камтарин то 3 метр мавҷуд аст. Ҳавзҳои Қасри калони варзиши обӣ  бо баландиҳои 1.5, 3, 7 ва 10 метр мутобиқ ба тамоми талаботи стандартҳои бозиҳои олимпӣ сохта шудаанд.

Дар ҳавзи шиноварии болокушода 3 намуди варзиши обӣ, аз ҷумла, шиноварӣ дар масофаи кӯтоҳ, полои болои об барои занону мардон ва ҷаҳидан ба об ва дар қасри намудҳои варзиши обӣ 5 намуди варзиши обӣ, аз қабили шиноварӣ дар масофаи дароз, шиноварӣ дар масофаи кӯтоҳ, полои обӣ, шиноварии синхронӣ ва ҷаҳиш дар об гузаронидан мумкин аст.

Бояд ёдовар шавем, ки  Лоиҳаи маҷмаа бо Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ мувофиқа гардида, мавриди дастгирии ин ташкилоти ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Тибқи талаботи банаворгирии бозиҳои варзишӣ дар миёни иншооти ёрирасони маҷмаа маконе бунёд гардидааст, ки аз он ҷо сабтҳои видеоии мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба мавҷи шабакаҳои телевизионҳо пайваст карда шудаанд.

Дар атрофи  Маҷмааи варзишӣ 8 майдонча   бунёд гардида, корҳои ободонию сабзазоркунии он ҳам ба итмом расидаанд.

Тибқи иттилои Ш.Сафаров,  то имрӯз  барои бунёди ин маҷмааи варзишӣ 850 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Маҷмааи универсалии варзишӣ  яке аз иншооти ҷашнӣ дар пойтахт маҳсуб шуда, дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин  туҳфа баҳри дӯстдорони варзиш мебошад.


08.01.2020 Нет комментариев