734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Рақобат барои дарёфти унвони “Донишҷӯи сол – 2019” оғоз гардид

Рақобат барои дарёфти унвони “Донишҷӯи сол – 2019” миёни беҳтарин донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олиии кишвар имрӯз дар маркази пойтахти ҷумҳурӣ расман оғоз гардид.

Рақобати донишҷӯёни Тоҷикистон барои дарёфти ин унвон муддати ду рӯз идома намуда, дар рӯзи аввал комиссияи ҷумҳуриявӣ маҳорати эҷодкории донишҷӯёнро месанҷанд.

Дар нахустин рӯзи рақобат донишҷӯён  иншои озод вобаста ба мавзӯъҳои муҳими ҷомеа навишта, дар рӯзи дуввум қобилияту истеъдод ва донишу маҳорати онҳо санҷида мешавад.

Озмуни “Донишҷӯи сол -2019” дар се мариҳила доир гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намуданд. Омзмуни мазкур дар қаламрави кишвар аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуда, ғолиби озмун бо шоҳҷоиза ва диплом сарфароз гардонида мешавад.


22.12.2019 Нет комментариев