734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо гирандагони стипендияҳои Президентӣ

Нимаи дуюми имрӯз раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо гирандагони стипендияҳои Президентӣ дар шаҳри Душанбе  мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот зикр намуданд, ки таъсиси стипендияи Парезимдентӣ барои ҳавасманд намудани насли ҷавони кишвар  ва ташаккул додани ҳунару мазорат ва истеъдоди фитрии насли ҷавон заминагузорӣ намуда, намунаи олии таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар мебошад. Шумо аз гирандаи стипендияи Президентӣ буданд ифтихор намоед, зеро ин унвон ба ҳар кас муясар намегардад.

Айни замон гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ бо маблағи 460 сомонӣ идропулӣ мегиранд дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ 400 нафарро ташкил медиҳад.


21.12.2019 Нет комментариев