734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин муайян гардиданд

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин дар мавзӯи “Пешвои миллат  поягузори сулҳ ва меъмори ваҳдат”- ро  минёи ҷавонони касбу кори гуногун  эълон намуда, бо пешниҳоди мақолаҳои  илмӣ – публисистӣ озмуни мазкур дар асоси ҷамъбасти кори комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид.

Тибқи иттилои комиссияи ҷумҳуриявӣ ба озмуни мазкур зиёда аз 132 адад мақолаҳо ба унвони Кумита ворид гардида, дар натиҷаи кори комиссия 3 нафар барои гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ва 12 нафари дигар бо сипосномаи Кумита сарфароз шарафёб гардиданд.

Ҳамин тариқ, дар озмуни мазкур Мирсаид Сатториё – донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо тасвири беҳтарин ва гуворотарин лаҳзаҳои ҳаёти Пешвои муаззами миллат, ҷонфидоиву корнамоиҳо ва  талошҳои хастанопазири Роҳбари хирадманти тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарорсозии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияту ваҳдату якдилӣ сазовори ҷойи аввал гардид.

Мақоми дуюм дар озмуни мазкур насиби  Салоҳиддин Турахонов – доктаранти Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Н.Хусрав ва ҷойи сеюм насиби Абдуллоева Шаҳрибону – донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода гардид.


21.12.2019 Нет комментариев