734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Донишҷӯи сол 2019” – муайян мегардад

Ҳамасола аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол” доир карда мешавад.

Дар соли 2019 озмуни мазкур дар марҳилаи аввал бо доираи васеи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилотӣ олии касбӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ доир карда шуда, даври дуюми он низ бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав дар ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ, илмию адабӣ доир карда шуда, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намуданд.

Озмуни мазкур дар даври дуюм бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳои ҷумҳурӣ дар сатҳи баланду зарурӣ доир карда шуда, ғолибони даври дуюм аз ҷониби Раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиши вилотяҳои кишвар бо сипоснома ва туҳфаҳои пулию молӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ба даври ҷумҳуриявии озмун номзадии 47 нафар донишҷӯён ба Комиссия ҷумҳуриявии озмун пешниҳод гардида, даври ниҳоии озмуни мазкур 23 – 24 декабри соли ҷорӣ баргузор карда мешавад.


21.12.2019 Нет комментариев