734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Хизматрасониҳои ройгон аз ҷониби волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Бо мақсади таҷлили Соли нави мелодӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи волонтёрони хизматрасон дар атрофи Арчаи солинавӣ, ки дар маркази пойтахт қомат афрохтааст аз санаи 20 декабри соли ҷорӣ то санаи 1 январи соли 2020 фаъолият менамоянд.

Ҳайати волонтёрон бо мақсади хизматрасонии иҷтимоии ройгон, гузаронидани аксияҳои тарғиботӣ ташфиқотӣ, ташкили бозиҳои гуногун бо сокинону меҳмонони пойтахт, муаррифи имкониятҳои шаҳри Душанбе ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи майдони шоҳ Исмоили Сомонӣ то 1 январи соли 2020 ба сокинону меҳмони пойтахти кишварамон хизматрасонии ройгонро ба роҳ монда шудааст.

Иқдоми мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади дар сатҳи баланду зарурӣ таҷлил гардидани ҷашни Соли нави меллодӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.

 


21.12.2019 Нет комментариев