734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дар соли 2019 бо фарогирии 805675 нафар 3773 маротиба машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ доир гардид

Машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ, ки бо мақсади оммавияти варзиш, рушди тарбяи ҷисмонӣ ва инкишофи навъҳои гуногуни варзиш миёни насли ҷавони кишвар ва тарғибу ташфиқи тарзи ҳаёти соли миёни аҳолӣ аз соли 2015 инҷониб дар қаламрави кишвар доир мегарданд, дар соли 2019 аз ҷониби ҷавонону варзишгарон ва сокинони кишвар 3773 маротиба машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ доир карда шудааст.

Дар машқҳои пагоҳирӯзӣ, ки дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, толорҳои фарҳагӣ ва маҷмааҳои варзишӣ дар соли 2019 роҳандозӣ карда шудааст, зиёда аз 805675 нафар варзишгарону устодони варзиш ва сокинони маҳаллӣ иштирок намудаанд. Аз ин шумора 232641 нафарашонро занону бонувон ташкил медиҳад.

Ҳаминтариқ, дар шаҳри Душанбе машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ 975 маротиба доир карда шуда, дар он 435308 нафар ҷавонону наврасон ва кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди пойтахти азизамон иштирок намудаанд.

Ин нишондиҳанда дар вилояти Хатлон 854 маротиба доир карда шуда, дар он беш аз 162083 нафар, дар вилояти Суғд 533 маротиба доир гардида, дар он 114345 нафар, дар ВМКБ машқҳои пагоҳимрӯзӣ 210 маротиба доир гардида дар он 11210 нафар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ин нишондиҳанда ба 1201 маротиба баробар гардида, шумораи иштирокчиёни машқҳои пагоҳирӯзӣ ба 82729 нафар баробар мебошад.

Ёдовар бояд шуд, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти шиори “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” барои соли 2020 аз 9 декабри соли 2019 тасдиқ гардида, дар соли оянда машқҳои пагоҳирӯзӣ аз 8 феврали соли 2020 то 10 октябри соли 2020 идома меёбанд.


21.12.2019 Нет комментариев