734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад

24 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор мегардад.

Дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон  ва варзиш ба варзишгарони беҳтарини соли 2019 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда мешавад.

Инчунин,  дар маросими ҷоизасупорӣ ҷоизадорони Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ,  рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника – технология ва инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки ғолибият ба даст овардаанд, бо ҷоизаи Кумита сарфароз гардонида мешаванд.

Ҳамзамон, дар доираи “Барномаи давлатии тарбияи ҳарбии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022” ғолибони Ҷоизаи “Барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ” бо  ҷоизаи Кумита дар ин самт сарфароз гардонида мешаванд.

Дар ин замина, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Беҳтарин варзишгари сол – 2019”, “Беҳтарин Федератсияи варзишии сол – 2019”, “Беҳтарин шаҳри варзишӣ – 2019”, “Беҳтарин мураббии сол – 2019”, “Беҳтарин иншооти варзишӣ” бо ҷоизаҳо ва мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ инчунин беҳтарин “Донишҷӯи сол – 2019”  бо шоҳҷоизаи таъсиснамудаи Кумитаи тадорукот  сарфароз гардонида мешавад.


20.12.2019 Нет комментариев