734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018- 2022” тасмим гирифтааст, бо мақсади ҳавасмандгардонии муаллифони мақолаҳои публисистӣ озмуни ҷумҳуриявиро миёни ҷавонон дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист” бахшида ба таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ташкил ва эълон менамояд.

Дар озмун ҷавонони касбу кори гуногун, олимону донишмандон ва кормандони ҷавони вазорату идораҳо, рӯзноманигорон ва донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта метавонанд иштирок намоянд.

Қабули мақолаҳо то санаи 10 феврали соли 2020 ба унвонии Кумита тариқи хаттӣ ва электронӣ (tjavononi@gmail. com) қабул карда мешаванд.

Муаллифони  ҷавони беҳтарин мақолаҳои публисистӣ дар арафаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда  мешаванд.


19.12.2019 Нет комментариев