734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


“Лабханди ҷавонӣ” дусола шуд, муборак бошад!

Имрӯз аз таъсисёбии маҳфили ҳаҷвнигорини ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Лабханди ҷавонӣ” ду сол пур мешавад. Маҳз ҷавонони ҳаҷвнигорони соҳибистеъдодои кишвар 14 декабри соли 2017 дар доираи баргузории чорабиниҳои муҳими “Соли ҷавонон” аввалин маротиба барномаи ҳаҷвии худро манзури тамошобинон намуданд, ки ҳунару истеъдоди ин ҷавонони соҳибҳунар аз ҷониби устодони санъат ва тамошобибон баҳои баланд гирифтанд.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солгарди таъсисёбии маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавонро муборакбод намуда, ба фаъолияти эҷодию ҳунарии ин ҷавонони соҳибистеъдоди кишвар муваффақият таманно  менамояд.

Мавриди зикр аст, ки маҳфили мазкур маҳз бо дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, барномаҳои ҳунарии ҳаҷвнигорони ҷавони кишвар дар дигар минтақаҳои кишвар низ ба роҳ монда шуда, бо мақсади такмили ҳунару истеъдод ва ташаккули малакаю маҳорати онҳо ҳайати аъзоёни маҳфил ба хориҷи кишвар низ сафарбар карда шудаанд.

Бахшида ба дусолагии таъсисёбии ин дастаи ҳунарии ҳаҷвнигорони ҷавон маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавон “Лабханди ҷавонӣ” бо дастгирии бевоситаи Кумитаи кор бо ҷавононва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 17 декабри соли 2019 дар театри дарамавӣ – академӣ ба номи А. Лоҳутӣ  барномаи ҳаҷвии худро бо намоияши беҳтарин  саҳнаҳои ҳаҷвӣ аз ҳаёти ҷавонону варзишгарон ва мушкилоту норасоиҳои замони муосир баргузор намояд.


14.12.2019 Нет комментариев