734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад

9 декабри соли ҷорӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ҷаласаи рушди тарбияи ҷисмонӣ бо мақсади табиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш роҳандозӣ гардида, фаъолияти солонаи барномаҳои соҳавии варзишӣ дар кишвар ҷамъбаст мегардад.

Дар кори ҷаласаи Шӯро Раёсати Шӯро, ки аз роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, роҳбарону намояндагони мақомотҳои иҷроияи давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои варзишии кишвар аъзо мебошанд, иштирок менамоянд.


07.12.2019 Нет комментариев