734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Волонтёрӣ шараф аст, волонтёр мешавем!!!

Ҳамасола дар рӯи олам 5 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии волонтёрон бо баргузории беҳтарин чорабиниҳо таҷлил карда мешавад.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар самти амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамасола бо ба роҳ мондани чорабиниҳои гуногуни илмию адабӣ – оммавию фарҳангӣ ва варзишӣ ин инди шахсони хайрхоҳу ҷавонони содиқи Ватанро сарбаландона таҷлил менамояд.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар саросари кишвар силсисла чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида истодааст.

Дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи волонтёрон дар ҷамааи сайёҳиву варзишии Сафед – Дара имрӯз бо иштироки коршиносони соҳа, волонтёрони фаъоли кишвар семинар машваратҳо, тренингҳои омӯзишӣ доир гардид.

Ҳайати беш аз 80 нафараи волонтёрони Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавононро муовини раиси Кумита Аҳмадзода Дилнозаи Давроналӣ ҳамроҳӣ намуда, бо усулҳои “Ҳамсол бо ҳамсол” машғулиятҳои гуногун доир намуданд.

Сафари ҳайати волонтёри кишвар ба мавзнъи мазкур дар доираи баргузории Форуми ҷумҳуриявии волонтёрони Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, таъкид бояд кард, ки дирӯз иштирокчиёни форум дар мавзеъи сайёҳиву омӯзишии Дараи Алмосӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Чорабиниҳои мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардида, шодию нишоти волонтёрони тоҷик дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии волонтёрон ҳаду канор надорад.


06.12.2019 Нет комментариев