734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Табрикоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон

Волонтёрӣ василаи хуби муттаҳидсозии насли ҷавон аст

Волонтёрӣмактаби бузурге дар масири баркамолрасонии ҷавонон

 

Ҷавонони содатманди кишвар, пайравони асили Пешвои муаззами миллат, дӯстони ҷавону волонтёрони гиромӣ!

Бо камоли эҳтиром ва сарфарозӣ ҳамаи Шумо ва дар симои шумо кулли фидоиён-волонтёрони кишварро бахшида ба “Рӯзи байналмилалии волонтёрон” табрику таҳният мегуям. Шумо ифтихори моед!

Фаъолияти волонтёрӣ ба шахси комил шудани шумо  – ҷавонон, яъне тарғибкунандагони некию хайрхоҳӣ мусоидат намуда, ҳамчун инсони башардӯст ба камол мерасонад.Пирӯзии одамон бар ҳама гуна мушкилот аз муттаҳидию сарҷамъии онҳо маншаъ мегирад. Парокандагию тафриқандозӣ ба инсонҳо танҳо харобию бадбахтӣ меорад. Аз ин рӯ, ояндаи кишвар ва рушду нумуи он ба ваҳдат, ҳамкорию ҳамбастагии ҷавонон вобастагии қавӣ дорад. Волонтёрӣ василаи хуби муттаҳидсозии насли ҷавон аст.

Муттаҳид ва сарҷамъ будани волонтёрон дар доираи мақсадҳои хайрхоҳона, кӯмакрасонӣ, ҳамоҳангсозӣ, мусоидат ба ҳалли мушкилиҳои гуногун лоиқи аҳсану дастгирӣ мебошад.

Шиоре, ки мову шумо пеша кардааем, дар худ масъулияти бузургеро доро мебошад. Зеро пайравӣ аз Пешвои миллат моро водор менамояд, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, бар зидди тамоми омилҳои номатлуб ва фаъолияти қувваҳои носолими ҷомеа мубориза барем, дар замири худ ватандориро нисбати гиромидошти арзишҳои миллӣ парварем, дили ғамхор дошта бошем ва ҳамеша барои дареғ надоштани неруи инсонии худ ҷиҳати дастгирии ниёзмандон ва пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои бисёре аз фаъолиятҳо, аз ҷумла фаъолияти волонтёрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин баробар ҷавонони зиёде бо шукргузорӣ аз ин сиёсати пешгирифта дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш зери роҳбарии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба фаъолияти волонтёрӣ машғул гардида, дар пиёда сохтани ҳадафҳои Ҳукумати кишвар саҳм гузошта истодаанд.

Ҷавононе, ки имрӯз фаъолияти волонтёрӣ доранд, метавонанд худро дар дилхоҳ самт санҷишу озмоиш намоянд. Ин навъи фаъолият барои ҷавонони зиёд баҳри такмилу ташаккул имконоти мусоидро фароҳам овард. Боиси хушнудӣ ҳам ҳаст, ки волонтёрони мо дар баробари хизмати содиқона ба ҷомеаву халқ истеъдодҳои худро нишон дода, Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Гузашта аз ин, нафароне, ки аз ин мактаби бузург гузаштаанд, имрӯзҳо бо донишу малака ва таҷрибаи аз худ карда дар вазифаҳои гуногуни хизмати давлатӣ аз рӯи касбу кори мухталиф фаъолият доранд.

Лозим ба ёдоварист, ки хайрхоҳӣ, амали нек кардан ё ҳаракати волонтёрӣ дар замони муосир чизи нав нест. Зеро миллати тамаддунофари тоҷик аз қадим ҳамеша бо роҳи ҳашар ва дар якҷоягӣ баҳри ободии деҳу дастгирии шахсони ниёзманду барҷомонда дасти ёрӣ дароз мекарданд. Моро мебояд дар пайравӣ аз гузаштагони соҳибтамаддуни худ ин хайрхоҳиро, ки дар замони муосир бо шаклҳои нав зуҳур кардааст, пайгир бошем ва давомдиҳандаи коҳои неки аҷдодони худ гардем.

“Рӯзи байналмилалии волонтёрон” муборак дӯстони азиз!


06.12.2019 Нет комментариев